Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​

24 июн дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо мавриди истифода қарор гирифт.

Сехи мазкур дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зуҳал Ко” бунёд гардида, минбаъд дар он истеҳсоли мағз, хушксозӣ ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда мешавад. 

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зуҳал Ко” соли 2009 аз ҷониби соҳибкор Идрис Ваҳҳобов бо харҷи 4 миллион доллари ИМА бунёд шуда буд. Ин корхона ба истеҳсоли орд машғул буда, дар як сол метавонад 60 тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Айни ҳол дар корхонаи ордбарорӣ 34 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд ва музди миёнаи маоши онҳо 1000 сомониро дар бар мегирад.

Роҳбарияти корхона бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар раванди саноатикунонии кишвар сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳоро бунёд кард, ки дар он 11 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Коргарони сех аз 700 то 800 сомонӣ маош мегиранд ва музди меҳнати онҳо давра ба давра зиёд карда мешавад.

Сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо метавонад дар як сол 1500 тонна меваро хушку бандубаст намуда, 5 тонна мағз истеҳсол намояд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи “Зуҳал Ко” барои саҳмгузориаш дар раванди саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки масъулин бояд барои таъсиси чунин коргоҳҳои хурд дар маҳалҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh