Мастчоҳ: БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ НЕК

Бо иқдом ва ташаббуси созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳамзамон, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дорад.

Иншооти гуногуни варзишӣ, фарҳангиву маишӣ ва савдову саноат сохта, мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Бахшида ба ин санаи муборак ва то кадом андоза омода будани шаҳру навоҳии вилоят мо озими ноҳияи Мастчоҳ гардидем. Нақлиёти мусофирбар бо шоҳроҳи пурпечутоб ва ҳамвори Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ моро ба ин ноҳия овард. Баробари ворид шудан маълум гардид, ки халқи сарбаланди Дилварзин барои ободии диёр ва осоиштагии мардуми меҳнатпазир корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Бунёди иншооти махсуси фарҳангию фароғатӣ, маориф, варзиш ва сайёҳӣ яке аз ҳадафҳои созандаи онҳо мансуб меёфт.

Ноҳияи Мастчоҳ соли 1956 таъсис ёфта, марказаш шаҳраки Бӯстон мебошад ва се шаҳрак ва ҳафт ҷамоатро доро аст. Аҳолии ноҳия 510400 нафар буда, масоҳати он 4712,3 километри квадратиро ташкил медиҳад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон, дар шарқу ҷануб бо ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва дар ғарб бо ноҳияи Спитамен ҳаммарз аст. Чӣ хеле дар боло ишора кардем, заҳматкашони ин сарзамин дар тараддуди бунёдкориву созандагӣ буда, ҳар рӯзу ҳар соат симои мулки навободро боз ҳам ободтар месозанд.

Сохтмони иншооти калони фарҳангӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бомаром ҷараён дорад. Бояд зикр созем, ки маҳз дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боғи як вақтҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодаи ин ҷамоат нуру зиёи тоза гирифта, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардум табдил хоҳад ёфт. Пас аз огоҳ шудан аз рафти сохтмонҳои ҷамоат мо рӯй ба деҳот овардем. Сараввал аз Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан намудем, ки ба тозагӣ бо ташаббуси раиси ноҳия ва ҳиммату саховати соҳибкорон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ таъмир гардидааст. Он дорои 305 ҷои нишаст буда, ҳамарӯза дарҳои худро барои тамошобинон боз менамояд.

Бино ба гуфти директори Хонаи фарҳанг Ҷӯрабой Бобоев имрӯз мардум ташнаи сухани хуб, ташнаи илму фарҳанг аст. Зеро маҳз туфайли барномаҳои рангини аҳли коргоҳ пиру барно ба ин макони ҳунар ташриф оварда, ба худ ғизои маънавӣ мегиранд. Бале, имрӯз Хонаи фарҳанги ҷамоат ба ҷои дӯстдоштаи мардум табдил ёфтааст. Ба ғайр аз чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ расмиву сиёсӣ низ дар ҳамин ҷо баргузор мегарданд. Ноҳия дорои се Хонаи фарҳанг мебошад, ки як адади дигар дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон пурра аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Танҳо дар Ҷамоати деҳоти Суғдиён барои пурра таъмир намудани бинои Хонаи фарҳанг корҳои омодагӣ ҷараён дорад. Китобхонаи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ низ дар шафати Хонаи фарҳанг ҷойгир буда, хонандагони зиёдеро фаро гирифтааст.

Имрӯз ҷавонон дарк намудаанд, ки китоб манбаи дониш асту тавассути китобхонӣ ба қуллаҳои мурод бояд расид. Сафиямоҳ Ҳидоева китобхонадори ҷамоат буда, солҳост барои таъмини мардум бо китобҳои наву хонданбоб заҳмат мекашад. – Бинои китобхона солҳои пеш идораи хоҷагӣ буд. Мо ин ҷоро обод кардем, хонандаҳо хеле зиёд ҳастанд. Шогирдонам дар озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» дар ноҳия ҷойҳои аввалро соҳиб гардиданд. Китобхона дар маркази ҷамоат ҷойгир шудааст ва дар гирду атрофи он корхонаҳои зиёде қарор доранд.

Аз ин рӯ, хонандаҳо бештар бегоҳ ба ин ҷо меоянд. Китобхона дорои зиёда аз 6200 адад ганҷина буда, ҳар сол ба мо китобҳои нав ворид мешаванд. Хонандагон аз навгониҳои кишвар, эҷодиёти шоирону нависандагони замони муосир огоҳ мегарданд. Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба бунёди як ҳаммоми хусусӣ ва сохтмони маркази хизматрасонӣ, дар умум, ҳаммом, кошонаи ҳусн, чойхона шурӯъ намудаанд, ки дар арафаи анҷомёбист. Дар тамоми гӯшаву канори ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дорад. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Акбархоҷа Поччозода дар деҳа бо иқдоми созандаи соҳибкор Баҳодур Боқиев собиқ бинои колхоз аз таъмир бароварда шуда, онро ҳамчун маркази табобатӣ ва беморхона ба истифода доданд.

Соҳибкор дар паҳлӯи он баҳри ҳавасмандкунӣ майдончаи варзишии замонавӣ ва кафебар бунёд намуд. Майдончаи варзишии замонавӣ дар сатҳи хеле олӣ сохта шуда, мардуми деҳа ба тамрин машғул ҳастанд. Бояд зикр намуд, ки ҳини боздид дар Ҷамоати деҳоти Суғдиён мо аз Хонаи фарҳангу китобхонаи он дидан намудем. Ҳарчанд бино таъмирталаб асту аллакай барои таъмири он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маблағи муайяне ҷудо намудааст, кор дар китобхона хеле дар сатҳи баланд ташкил шудааст. Дар ҳузури мо хонандагон барои дастрас кардани адабиёти бадеӣ ба китобхона меомаданд. Китобхона дорои 3666 адад китоб буда, ғайр аз китоб хонандагон ба ҳунаромӯзӣ машғул ҳастанд.

Сарвари китобхона Алифмо Сафарова ҳунарҳои гулдӯзӣ, расмкашӣ, пухтупаз ва дӯзандагиро низ ба шогирдон меомӯзонад. Шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ рӯз аз рӯз симои худро дигар намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрат ва тадбирҳои созандаро амалӣ менамояд.

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh