Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон

22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят ҳайати меҳмононро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт.

Раҷаббой Аҳмадзода нақши Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ назаррас арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ҳоло дар вилоят бо дастгирии ин ниҳоди байналмилалӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуда истодааст.

Намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон барои ба Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” даъват шуданашон изҳори сипос намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки ташкилот маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки солҳои 2017-2018 аз ҷониби Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон тадқиқоти «Густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон дар соҳаи кишоварзӣ» гузаронида шудааст. Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими малакаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байторӣ» семинарҳо ҷиҳати беҳтар намудани системаи бақайдгирӣ барои фермерҳо ва барои гузариш ба маълумоти электронии шакли 1-фермер "Ҳисобот дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ" гузаронида шуда, феҳристи хоҷагиҳои деҳқонӣ барои омори кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh