Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ​

Нимаи дуюми рӯзи 21 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои дар чаҳорчӯби Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” доиршаванда доираҳои тиҷоративу соҳибкории вилоятҳои Суғду Ботканд ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд.

Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеков Тоҷикистону Қирғизистон муносиботи дӯстона дошта, дар асоси созишномаҳои дуҷониба робитаҳо густариш меёбанд.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров дар навбати худ ташкили Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ҷиҳати мубодилаи бештари молу маҳсулот ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамзамон таъкид доштанд, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи тарафҳо дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh