Равобити иқтисодӣ таҷассуми дӯcтист!

Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд - 2019” соли шашум аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва шарикони рушд ташкил карда мешавад. Мақсад аз ташкили Ярмаркаи байналхалқии савдо мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои иқтисодӣ байни ҷомеаи соҳибкорони вилоят ва дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ, нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилоят ва табодули таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздик аст.

Дар маросими ифтитоҳи ярмарка Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонон аз растаҳо, ки дар онҳо хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулот, коргоҳҳои саноатӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузошта буданд, дидан намуда, ҳамзамон бо маводҳои рекламавии ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳои вилоят ошно гардиданд.

Ҳамзамон, дар ярмарка намояндагони корхонаву муассисаҳо ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коргоҳҳои азими соҳаҳои мухталифи саноатӣ ва соҳибкорон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белорус, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Афғонистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур моҳиятан ба тадбири тиҷоратии байналмилалӣ табдил шуда, барои иштирок дар ин ҳамоиш аз минтақаҳои гуногуни давлатҳои хориҷӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Баргузор шудани чунин Ярмарка нишони устувор будани иқтисодиёт дар кишвар буда, соҳибкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаш ва ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои хориҷӣ қавитар гардонанд.

Оймурод АКБАРОВ - соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

 - Боиси хушнудист, ки муносибатҳои иқтисодии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сол аз сол рушд ёфта, натиҷаҳои хуб ба даст меоварад. Бинобар он роҳбарияти ду кишвар барои ҳамкориҳои дуҷониба ба соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам овардаанд. Намоишгоҳи байналмилалӣ, ки чанд сол инҷониб баргузор мегардад, писанди ҳамагон аст. Нақша дорем, ки чанд шартномаи ҳамкорӣ баста, муносибатҳоямонро ривоҷ диҳем. Аз он хушнудем, ки Сарони давлатҳо барои мустаҳкамтар шудану ривоҷи масъалаҳои ҳамкорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонданд. Қайд бояд кард, ки мардуми меҳмондӯсти вилояти Суғд моро самимона истиқбол гирифтанд.

Саҷҷоди ГУЛИСТОНӢ - намоянда аз Ҷумҳурии Афғонистон:

- Банда бори аввал аст, ки дар намоишгоҳ иштирок менамоям. Ҳамкоронам, ки солҳои қаблӣ иштирокчии чунин намоишгоҳи байналмилалӣ буданд, тавсифи Тоҷикистонро карданду имрӯз ман дар ин ҷоям. Гуфтаниам, ки ҳампешагонам дар тавсифи Тоҷикистон хато накардаанд. Рӯз то рӯз шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ меафзоянд ва дар ин замина содирот ҳам рушд меёбад. Шартномаҳои баимзорасида бошанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Мақсади асосии иштирок дар ин намоишгоҳ дар баробари мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷониба таҷрибаивазкунии соҳибкорон низ ҳаст.

Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд - 2019" ва дигар чорабиниҳои вобаста ба он, аз ҷумла баргузории Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо, муаррифии лоиҳаҳои инвеститсионию тиҷоратии соҳибкорони ҷавони вилояти Суғд, Форуми «Ташкили системаи нақлиётию логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ: имконият ва мушкилот», Рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Имкониятҳо барои ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Тоҷикистон, доир гаштани ҷаласаи панелӣ: «Дастгирии институтсионалӣ ба бахши хусусӣ барои пешбурди содирот» ва мулоқоту музокироти судманд ба рушду таҳкиму муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

 

Add comment


Security code
Refresh