Маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ​

21 июни соли 2019 роҳбарони ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белорусия ва Қирғизистон, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Меҳмонон - намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳсинхуҷа Абдураҳмоновро дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Белорусия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ ба вилояти Суғд ташриф овардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh