Суғд: Дар шаҳру ноҳияҳо мумфаршсозии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмиру мумфаршкунии роҳҳои автомобилгард муташаккилона ҷараён дорад.

Рӯзи 17 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба роҳсозон супоришҳои мушаххас дод. Дарозии роҳи мазкур 12,3 километрро ташкил медиҳад ва айни замон мутахассисони ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» машғули коранд.  Барои иҷрои корҳо аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чанде қабл кӯчаи ба номи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд низ пурра мумфарш гардид. Масофаи умумии роҳи ин кӯча 2,8 километрро дарбар мегирад. Зимни боздиди Раиси вилоят аз ин минтақаи шаҳр иттилоъ дода шуд, ки сокинони маҳаллаи Чашмаи арзана бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти вилоят тасмим гирифтаанд, ки 800 метр роҳи маҳалларо мумфарш намоянд. Раиси вилоят аз иқдоми бошандагони маҳалла истиқбол намуда, иброз дошт, ки сокинон низ бояд барои ободонии маҳалли истиқомат саҳми назарраси худро гузоранд.

Раиси вилоят ҳамзамон таъкид кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршсозии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки корҳои мумфаршкуниву азнавсозии роҳҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфта, тибқи нақша дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh