Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба пешвози ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони даҳҳо иншооти гуногун идома дорад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни сохтмони як қатор иншоотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла бо рафти бунёди кӯдакистони хусусӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, кӯдакистони нав аз ҷониби соҳибкорзан Олтуной Бутаева сохта мешавад ва харҷномаи лоиҳавии он 1 миллиону 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, бо ифтитоҳи он 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳад шуд. Ин шашумин кӯдакистони хусусӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, шумораи умумии кӯдакистонҳои ноҳия 19 ададро ташкил мекунад.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» шинос гардида, бунёди корхонаро барои баланд бардоштани нуфузи саноатии ноҳия саривақтӣ арзёбӣ кард.

«Органик-ян» корхонаи муштарак буда, дар он дар марҳилаи аввал 5 ҳазор тонна пахта коркард ва 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Чуноне аён гардид, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, беш аз 60 нафар сохтмончиён машғули коранд.

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳи мошингарди “Меҳробод-Спитамен” навсозӣ гардида истодааст. Дарозии роҳи таҷдидшаванда се километрро ташкил дода, айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.

Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар доираи корҳои навсозӣ ҷиҳати чароғонкунии роҳи мазкур низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh