Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

9 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар шаҳри Бӯстон сохтмони ду корхонаи нав ҷараён дорад.

ҶДММ “Тоҷфилиз” яке аз ин корхонаҳо маҳсуб ёфта, дар ояндаи наздик дар он мехҳои гуногун ва сим истеҳсол карда мешавад. Ба иттилои масъулин дар ин корхона 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Дар корхонаи дигари бунёдшавандаи шаҳри Бӯстон истеҳсоли уребчаҳо ва ва қоғаз барои ташноб ба роҳ монда хоҳад шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 50 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Зимни боздид Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ камари ҳиммат бастаанд, дастур дод, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба иҷро расонида, талаботи бозор ба маҳсулоти истеҳсолшавандаро мунтазам мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Айни замон ба корҳои сохтмонии ду иншооти муҳими саноатӣ зиёда аз 50 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки то соли 2021 дар вилояти Суғд бунёду баистифодадиҳии 300 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh