МОРАТОРИЙ. ПАС САНҶИШ ЧАРО?

Бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий ба Прокуратураи генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

Аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2018

Солҳост, ки баҳри беҳтар намудани фазои мусоиди соҳибкорӣ, муҳайё сохтани ҷойи корӣ, хубтар ба роҳ мондани вазъи иқтисодии ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мораторий эълон намуда истодаанд. Ва соли пеш дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) ба ҳамаи намудҳои соҳибкории истеҳсолкунанда мораторий эълон гардид. Аслан мораторий чист? Мораторий муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани воситаҳои истеҳсолӣ ҷалб менамоянд, дониста мешавад. Ва мақсади асосии мораторий тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ буда, муҳайё сохтани ҷойи корӣ, беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.

Новобаста аз он то ҳол дар баъзе корхонаҳо мақомотҳои санҷишӣ ташриф меоранд. Ҳол он ки пас аз ироаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, № 990» 15 январи соли 2018 ба имзо расида буд. Чаро чунин ҳолат то ҳол рух дода истодааст?

Тавре аз иттилои Раёсати андози вилоят бармеояд, масъулини корхонаҳои саноатӣ фаъолияти хешро дар самти афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтар намудани сифати он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда, ҳисоботи андоз, эъломияҳои он ва маълумотҳои вобаста ба андозбандиро сари вақт пешниҳод менамоянд. Пас ташрифи баъзе аз мақомоти санҷишӣ ба корхонаҳои саноатӣ дар чист?

Дар ин бора Зафар Назарзода, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Суғд оид ба иҷрои қонунгузории андоз, мушовири адлияи дараҷаи 1 чунин ибрози назар намуд:

- Мақсади асосии ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат роҷеъ ба мораторий дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорон дар соҳаи истеҳсол, ташкили ҷойҳои корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ аст. Дар ин замина 21 феврали соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид ва тибқи муқаррароти он қисми муайяни ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муваққатан боздошта шудааст, - қайд кард З. Назарзода.

Дар ҳудуди вилоят дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷиш ба Феҳрасти субъектҳои соҳибкорӣ 633 субъекти фаъолияти соҳибкории истеҳсолкунанда дохил карда шудааст. Дар бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура аз 13 марти соли 2018 бармеояд, назорати иҷрои талаботҳои қонуни мазкур мунтазам ба роҳ монда, фаъолияти мақомотҳои ваколатдори назоратӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Зимни санҷишҳои аз ҷониби намояндагони мақомоти Прокуратураи вилоят гузаронидашуда аз тарафи мақомотҳои ваколатдори назоратӣ ҳолатҳои бархилофи талаботҳои қонун гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани сабаби қонунвайронкуниҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Тибқи талаботи моддаи 7 - и қонуни мазкур дар давраи татбиқи мораторий як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” вобаста ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта шуда бошад ҳам, аммо бархе аз намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ғайриқонунӣ амал карданд. Чунончӣ, дар асоси қарори сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят аз тарафи мутахассисони раёсат Р. Раҷабов ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Т. Ҳазратқулов фаъолияти ҶДММ “Чарми Хуҷанд” - и шаҳри Гулистонро бо мақсади риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист санҷиш гузаронида, санад тартиб додаанд. Тавре З. Назарзода иттилоъ дод, ҶДММ “Чарми Хуҷанд” корхонаи истеҳсолӣ буда, ба феҳрасти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ шомил карда шуда, он ба коркарди пӯст ва пашм машғул ва дар давраи татбиқи мораторий санҷиши фаъолияти ҷамъияти номбурда манъ аст.

Ё худ, КДФ “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” - и шаҳри Панҷакент низ ба феҳрасти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ шомил буда, гузаронидани санҷиши қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қатъиян манъ аст. Аммо бархилофи Фармони мазкур аз 9 - уми апрел то 12 апрели соли 2018 аз тарафи мутахассисони Раёсат Ҷ. Маматов ва М. Пӯлотов фаъолияти ин корхона ғайриқонунӣ санҷида, санад тартиб дода шудааст.

Шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бархилофи моддаи 22 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” амал кардаанд. Яъне бо амри собиқ раиси шаҳри Конибодом аз 7 сентябри соли 2018 бинобар пайдо гардидани зарурият дар самти саривақт омода намудани маълумотҳои оморӣ оид ба воридоти ашёи хом, интиқоли маҳсулоти тайёр ва бо мақсади иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва инчунин ҷиҳати назорат аз болои риояи техникаи бехатарӣ ва зидди сӯхтор дар назди ҶДММ “Нафтрасон” - и шаҳр дидбонгоҳи шабонарӯзии ғайрирасмӣ ташкил кардаанд. Баъди он як муддати муайян аз ҷониби кормандони вобасташуда автомошинаҳои ба ҳудуди ҷамъият воридшаванда ва содиршаванда дошта, ҳуҷҷатҳои онҳо санҷида, соатҳои зиёд беасос манъ карда, ба ин васила ба фаъолияти муътадили ҷамъият халал расонидаанд. Пас аз тафтишоти мақомоти прокуратураи вилоят 12 октябри соли сипарӣ ба амри собиқ раиси шаҳр эътироз оварда, он бекор карда шуда, қонунвайронкунӣ бартараф гардид.

Мақсаду мароми мораторий дар чист? Он тартиби гузаронидани санҷишҳои мақомотҳои давлатиро нисбати фаъолияти истеҳсолӣ ба танзим дароварда, барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид барои сармоягузорӣ фароҳам меоварад. Дар ин замина, фаъолияти соҳибкории ба истеҳсоли молу маҳсулот нигаронидашуда бояд нисбатан рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохила тадриҷан афзоиш ёбад. Бо ин мақсад, соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони мақомотҳои санҷишӣ дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, баҳри рушду нумӯи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд ва талаботи муқаррарнамудаи қонунгузориро риоя намоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат омадааст: “Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд”. Яъне ба муҳлати ду сол эълон гардидани мораторий аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар вилоят рушд ёфта, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар таҳким бахшида, санҷишҳои беасосу такрорӣ барҳам хӯрад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh