РОҲҲО МУМФАРШУ ТАРМИМ МЕГАРДАНД

Роҳ ва роҳдорӣ чун дигар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии пешрафту ободонии кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушду нумӯъ ва баланд бардоштани шароити иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо фарорасии фасли гармо фаъолияти масъулини идораи роҳсозӣ ва роҳдорӣ низ дучанд гардидаву алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои таъмиру тармим, шағалпӯш ва мумфаршкунии роҳҳо бо маром ҷараён дорад, зеро ки роҳро оинаи рӯзгор, рӯшноӣ ва нишони ҳаёт гуфтаанд.     

Масъулини соҳа дар нақша доранд, ки имсол дар маҷмӯъ 2166,8 километр роҳҳои автомобилгарди вилоят корҳои таъмиру тармим гузаронанд, ки аз он 169,4 километр таъмири асосӣ, 923,9 километр таъмири ҷорӣ ва 1073,5 шағалпӯш мебошад.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи  нақлиёт ва коммуникатсияи МИҳД-и вилоят Олимҷон Очилзода мувофиқи нақша давоми соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Конибодом – 187,9 километр, Исфара 157,6, Истаравшан 97,7, Панҷакент 79,5, Гулистон 45, Хуҷанд 35, Бӯстон 9, Истиқлол 6 ва дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 271,6, Кӯҳистони Мастчоҳ 242, Деваштич 215,5, Ашт 159,4, Айнӣ 126,5, Шаҳристон 127,4, Спитамен 127,4, Ҷаббор Расулов 94,7, Зафаробод 87,7, Мастчоҳ 85,8 километр корҳои таъмиру тармим ва мумфаршкунӣ гузаронида хоҳад шуд. Алҳол беш аз 500 километр, яъне 23,7 фоизи нақша ба иҷро расидааст.

Бино ба гуфти масъулини соҳа мувофиқи нақша барои корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ҳамагӣ ба маблағи 96 миллиону 886 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, аз буҷети вилоят 57 миллиону 382,4 ҳазор сомонӣ ва боқимонда аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, сохторҳои марбута, соҳибкорону аҳолӣ дар назар дошта шудааст.   

ҳамчунин масъулин изҳор доштанд, ки роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят саривақт бо истифода аз рӯзҳои гарму мусоид бо сатҳу сифати хуб таъмиру тармим хоҳад гашт.

М.САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд” 

Add comment


Security code
Refresh