ГУЛИСТОН: КӮШИШ БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН

Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят дар доираи 1300 рӯзи одонӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома дорад. Чунин иқдомро сокинон ва масъулини шаҳри Гулистон ҷонибдорӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани шаҳр корҳои заруриро ба роҳ мондаанд. Баҳри зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо мардум ба шанбегиҳо баромада, бо дасту дили гарм баҳри ободии диёри хеш кӯшиш менамоянд.

Дар ҳудуди шаҳр давоми се моҳи аввалии соли чорӣ ба миқдори беш аз 8223 бех дарахти сояафкану ороишӣ ба монанди ардач, санавбар, сӯзанбарг, сафедор ва 5000 дарахти мевадиҳанда шинонида шуд. Имрӯз баҳри зебо намудани гирду атроф кормандони ободонии шаҳр ба микдори зиёда аз 300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ аз ҷумла 23 ҳазор бех лола ва 43 ҳазор бех кӯчати садбарг шинониданд, ки ҳусни шаҳрро дигаргун намуда истодааст.

Ф. Шарифӣ қайд намуд, ки имрӯз чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр низ навбат ба навбат идома дорад. Алҳол аз даромади шаҳраки Сирдарё то даромади асосӣ 250 чароғпояи равшандиҳандаи замонавӣ насб карда шуда, кӯчаро равшан намуда истодаанд. Ҳамчунин, кӯчаҳое, ки дар байни биноҳои баландошёна ҷойгиранд, нурборон хоҳад шуд.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 180 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳо то ҷашни 30 - солагӣ дар маркази шаҳр ва минтақаҳои саноатю истироҳатӣ 107 иншоот сохта шуда, дар он беш аз 2 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Тазаккур бояд дод, ки дар давоми се моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он 36 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо дар радифи корҳои созандагиву ободонӣ дар ин давра беш аз 700 чорабинии гуногуни фарҳангӣ - оммавӣ, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва худшиносии аҳли ҷомеа доир гардид.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh