Майдони заҳмат ва арсаи шуҷоат

Аз саҳифаҳои рӯзномаҳо ва барномаҳои телевизионӣ бо мароқ ва шавқу рағбати том аз воқеаи ба вуқӯъомадаи таърихӣ, миллӣ, хоси миллати тоҷик – ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мехонаму шинос мешавам. Ин воқеаи одӣ набуда, мавқеъ, нақш ва ҷойгоҳи азимеро дар ҳаёту рӯзгори давлати соҳибихтиёрамон ва мардуми мушкилнописанди Тоҷикистони маҳбубамон ишғол кардааст.

Ин ҳама дастовардҳо, комёбиҳо ва зафарҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ташаббус, иқдом, иштироки шахсӣ ва азму талошҳои мардумпарварона, сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи болиғ мегирад. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумла гуфтанд: «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Нерӯгоҳи «Роғун» - ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъйу талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем».

Хуб дар ёд дорам, ҳамон санаи тақдирсоз – 29-уми октябри соли 2016-ро, ки он замон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода, ба бунёди таҳкурсии пешдарғоти сарбанди сесаду сию панҷ метраи нерӯгоҳ асоси боэътимод гузошта шуда буд. Оби Вахши пуртуғён самти ҷараёнашро дигар кард.

Яъне ифодаи «об-дӯсти мо» мазмуни тозаву нав пайдо намуд. Яъне бо сухани шоире «ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад».

Аз сарчашмаҳо огаҳӣ дорем, ки ҳоло яке аз масъалаҳои доғи мардуми сайёра мушкилоти дастрасӣ ба об аст, ки мутаассифона, дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалии обу ҳавои сайёра ҳамвора шиддат меёбад. Ҳарчанд аз чор се ҳиссаи сайёраи моро об ташкил медиҳад, ҳамагӣ як дарсади он оби ошомиданист. Дар ин замина зикр намудан мувофиқи мақсад аст, ки кишвари мо – Тоҷикистон дорои захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне манбаи «энергияи сабз», аз лиҳози экологӣ тоза ва барқароршаванда мебошад. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон қадами устувор дораду муқаддам аст. Аз ин лиҳоз, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд ва ин амали ҳадафмандона асосноку дилпурона идома дорад. Чунонки Сарвари давлатамон зикр намуданд, дар баробари ба истифода супурдани иншооти навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввали таърихии равшанистони Ватан то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. «Роғун» дар имрӯзи мо ва дар ояндаи мо, тоҷикистониён, боиси ифтихордорӣ, сарфарозӣ, эҳсоси гарми ватанпарварист. «Роғун» чароғистони бузурги миллати соҳибтамаддуни мост ва он ояндаи дурахшону муаззам дорад.

Пешвои миллатамон бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буда, дар бунёди ин кохи нуру сафо паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, талошҳои бунёдӣ барои таъмини зиндагии беҳтару шоистаи мардум ба амал овардаанд. Барои ҳамаи ин мо, мардуми тоҷик мегӯем: аз «Роғун» манзилу дилҳоямон гарму равшан аст, ба Пешвои муаззами худ пайрав буда, дар ободонӣ, суботу ваҳдат ва шукуфоии Ватани азизамон бо меҳру садоқат саҳм мегузорем, заҳмат мекашем.

Раҳматулло ЁРОВ,
омӯзгори собиқадор аз
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh