Салом, равшанӣ!

Ҳангоми тамошои пахши мустақими ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 киловолтаи «Душанбе-Роғун» ва фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ашки шодиомези чашмонамро дошта натавонистам. Охир, солҳои пеш тамоми сокинони кишвар ин рӯйдоди муҳимро танҳо орзу доштанду халос.

Бо тақозои вазифаи касбӣ мо-омӯзгоронро мебоист, ки ҳамарӯза дафтарҳои шогирдонро аз назар гузаронида, баҳогузорӣ намоем. Инчунин, пур кардани дигар ҳуҷҷатҳои расмиву навиштани нақшаҳои тавзеҳотӣ ва сохтани аёнияти гуногун вобаста ба ҳар дарс муаллимро водор месохт, ки ҳамарӯза дар ҷустуҷӯи усулҳои гуногуни таълим бошад. Албатта, ин кор вақту фурсати созгорро тақозо менамояд. Шаб то саҳар болои мизи корӣ шамъи фурӯзон мушкили ҳамагонро осон мекарду нури чашмони хирагаштаро тиратар месохт. Вақте ки саҳмияҳои НБО «Роғун» ба фурӯш баромад, дар қатори дигар табақаҳои иҷтимоӣ омӯзгорон бо харидории он фақат як орзу доштанд: ҳарчӣ зудтар нуру равшанӣ хонадони тоҷикро мунаввару дилҳояшонро музайян созад.

Мепиндорам, ки имрӯз афсонаи мардум ба ҳақиқат мубаддал гаштааст. Тавре Президенти кишвар ҳангоми суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» гуфтанд: «Бо гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Нерӯгоҳи «Роғун» -ин кохи бузурги нури миллатро бо заҳмати худамон, яъне бо саъйу талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардаем. «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!».

Ҷавобан ба ин суханони Сарвари давлат ҳамчун тарбиятдиҳанда ваъда медиҳем, ки фарзандони баору номус, насли бунёдкору созанда ва ватандӯстро тарбия менамоем.

Роҳила БОБОКАЛОНОВА,
омӯзгор аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh