Зафаробод: Вусъати корҳои ободониву созандагӣ

Тибқи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор» корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза мегиранд.

Баҳри таҷлили сазовори ин санаи муҳим аз ҷониби роҳбарияти ноҳия нақшаи чорабиниҳо ба маблағи 78 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 761 ҷойи корӣ тасдиқ карда шуд.

Дар ин раванд, дар ҳудуди ноҳия соли равон як қатор биною иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҳисоби онҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев сохтмони майдони хурди варзишӣ ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ, маркази хизматрасонӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, мумфарш кардани кӯчаи Б.Ҳамзаев дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба масофаи 1,5 километр ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба анҷом расонида шуданд. Инчунин, корхонаи коркарди пахтаи ҶСК ДСМ-19 бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ бо таъсиси 50 ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Нормаматов дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба истифода дода шуд. Таъмири ҷории варзишгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми ҳамин ҷамоат аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ оғоз гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Равшан 12 чоҳи амудӣ барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, сохтмони як корхонаи хурди истеҳсоли орд аз ҳисоби соҳибкор Ҳукмон Азимов ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Маркази саломатӣ бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия идома дошта, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев ва Ҷамоати деҳоти Равшан сохтмони майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 740 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорон идома дошта, дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон, таъмири асосии бинои Маркази саломатӣ, чароғонкунии кӯчаи марказии Ҷамоати деҳоти Равшан ва Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев идома дорад.

Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои савдо, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, таъмиру таҷдиди роҳ, кашидани хатҳои об, чоҳҳои амудӣ ва сохтмони иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ дар ноҳияи Зафаробод ҷараён дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh