Сарчашмаи ифтихор

Санаи ҳумоюнии 16-уми ноябр дар саҳифаҳои таърихи кишвари биҳиштосои Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро минбаъд мардум дар баробари таҷлили ҷашнҳои бузурги кишвар-Рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент боз як воқеи таърихӣ-ба кор оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, ҳамчун ид хоҳанд пазируфт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз ду-се даҳсола қабл мардуми Тоҷикистон аз набудани равшаниву гармӣ азият мекашиданду корхонаҳои саноатӣ бинобар набудани барқ аз фаъолият бозмонда буданд.

29-уми октябри соли 2016 тавассути идора кардани чамбараки булдозер Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди ин нерӯгоҳи бузург ифтитоҳ бахшида буданд. Fайрату заҳмати беш аз бистҳазорнафараи сотмончиёну бунёдгузорони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд, ки ин иншооти бузурги аср дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат бо ба кор даровардани пуриқтидортарин иншоот исбот намуданд, ки «агар ёр аҳл бошад, кор саҳл аст».

Хушбахтона, имрӯз ва дар оянда низ «Роғун», ки ба майдони заҳмату созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ, шуҷоату матонат, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ бадал ёфтааст, мояи ифтихор хоҳад буд.

Мавлуда ШАРИФОВА,
собиқадори меҳнат

Add comment


Security code
Refresh