“Роғун” - файзи истиқлол

Ба фаъолият шурӯъ кардани агрегати аввали НБО “Роғун” барои мардуми тоҷик лаҳзаи фараҳу шодмонӣ, шукӯҳу шаҳомат аст. Тавлиди нури нави барҳақ раҳмонӣ, ки солиёни дароз халқи Тоҷикистон бесаброна, бо паси сар кардани мушкилиҳои маънавию моддӣ интизорӣ мекашид, бори дигар исбот кард, ки мо ворисони воқеан ҳам созанда ва идомадиҳандаи он бобоҳои тамаддунсоз - Рӯдакиву Сино, Сомониву Берунӣ, Мавлавиву Камол, Спитамену Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Айнӣ ва Турсунзода буда, таҳти сарварии ҷонфидои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи худ муваффақ шудем.

Мусаллам як чиз аст, ки мо - миллати тоҷик созандагиву тамаддунофариро дар ҳама ҳолату шароит ба иҷро мерасонем. Зиҳӣ, миллати созанда бо Сарвари фидокор ва мӯътабари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бунёди НБО “Роғун” воқеан ҳам ба як иншооти калидии умумихалқӣ табдил ёфта, хурду калони ҷомеа дар атрофи Пешвои худ самимона муттаҳид шуда, ба сохтмонаш камар баст.

То чӣ андоза ба аҳамияти бузурги иқтисодӣ бархурдор будани оғози НБО “Роғун”-ро сокинони вилоят ба хубӣ дарку эҳсос мекунанд, зеро бебарқии солҳои 2005-2008-ро ҳанӯз фаромӯш накардаанд. Ҳамзамон, рӯшан аст, ки барқи мӯътадилу басанда доштан ин омили рушди иқтисодӣ, равнақи соҳоти гуногуни хоҷагии халқ аст. Даштҳои асрҳои аср ташналаби Ашти Калону Деваштич, Истаравшан, Мастчоҳу Бобоҷон Ғафуровро маҳз НБО “Роғун” обшор хоҳад кард ва дар ин замина боғҳои нопайдоканори меваҳои шаккарин, даҳҳо, садҳо корхонаи коркард бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва шаҳракҳои нави замонавӣ бунёд хоҳанд шуд. Яъне ба кор шурӯъ кардани НБО “Роғун” дар Ватани азизамон марҳалаи нави бунёдкорӣ фаро расида, барои созмон додани воқеан ҳам як ҷомеаи шукуфон бо зиндагии арзандаву шоиста ба халқи Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам меоянд.

Бо оғози кори чархаи нахустини азимтарин НБО “Роғун” дар минтақаи Осиёи Марказӣ умеди нави зиндагии рангину созанда ва бунёдкорӣ ба парвоз меоянд. Боз дурнамои Ватани азизамонро мусаффою гуворо, зиндагии ҳамдиёронро осудаву шоиста тасвир хоҳем кард.

Ҷовиди Аштӣ,
Рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh