Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт

 

 

 

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди ҷашни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт” доир гардид.

Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, мутахассисону коршиносони соҳа, устодони муассисаҳои олии вилоят ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Анвар Яъқубӣ афзуд, ки маросими ба истифода додани аввалин агрегати НОБ “Роғун” қадами қатъӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида, 26,9 фоизи маҳсулоти умумии кишварро таъмин мекунад. Давоми 9 моҳи охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 107 фоиз баланд гардида, 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Турсун Холматов зикр кард, ки ноил шудан ба рушди устувору иқтисодиёт яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Сипас, таҳти унвони “Роғун-асоси рушди устувори иқтисодиёт” номзади илмҳои техникӣ, дотсент О.Раҳимов бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

 Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh