Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Конибодом

Рӯзи якшанбеи 18 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти гармхонаҳо ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳр бо фаъолияти гармхонаи ҷамоат ошно шуд. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, гармхонаи мазкур дар масоҳати 0,8 га сохта шуда, ду сол инҷониб дар он лимон ва помидор истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти гармхона асосан ба бозорҳои шаҳри Конибодом бароварда шуда, барои танзими нархи лимону помидор дар ҳудуди шаҳр мусоидат менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин ба фаъолияти гармхонаи соҳибкор Анвархӯҷа Дадохӯҷаев низ мароқ зоҳир намуд. Чуноне аён гардид, дар ин гармхона асосан лимон парвариш карда шуда, соҳибкор ният дорад, ки истеҳсоли помидору бодирингро низ ба роҳ монад. Раиси вилоят ҳангоми боздид ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду – се ҳосил дастуру тавсияҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят рафти ҷамъоварии пахтаро дар хоҷагии деҳқонии “Манучеҳр”-и шаҳр мавриди назар қарор дод ва таъкид кард, ки новобаста аз иҷроиши нақша пахта бояд пурра ҷамъоварӣ гардад. Хоҷагии мазкур дорои 60 гектар замин буда, кишоварзон соли равон дар 32 гектари он парвариши пахтаро ба роҳ монда буданд.

Рушди соҳаи саноат ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дошта, дар ин росто дар вилоят тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешавад.

Дар аснои боздиди Раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли сементи шаҳр иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти корхона ният доранд, хатти дуюми истеҳсолиро фаъол намуда, истеҳсоли ин навъи маҳсулотро афзун созанд. Раиси вилоят бо ҷонибдорӣ аз иқдоми мазкур иброз дошт, ки масъулини соҳаи саноат бояд барои зиёд намудани истеҳсоли семент аз имкониятҳо самаранок истифода бурда, ҷойҳоикориро бештар намоянд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар гӯшаву канори мамлакат дар шаҳри Конибодом низ корҳои бунёдкорӣ идома дошта, дар сохтмони иншооти гуногун саҳми соҳибкорон назаррас мебошад.

Баҳоваддин Махкамов аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки тасмим дорад як комплекси замонавиро бо фарогирии 190 ҳуҷраи истиқоматӣ,маркази савдо, майдончаи варзишӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт бунёд намояд. Соҳибкори дигари шаҳр Акмал Шокиров ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшидааст. Бинои мазкур дорои 44 ҳуҷраи истиқоматӣ буда, аз 10 ошёна, таҳхона ва маркази савдо иборат хоҳад буд.

Раиси вилоят зимни боздид аз маҳалли сохтмони иншоотҳо аз иқдоми соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҳар фарди ватандӯст бояд барои ободии Ватан саҳми шоистаи хешро гузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh