Бунёди буғхона

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбии кишвар имрӯзҳо омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ҷараён дорад. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ситоди фаврӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ ва 4 хобгоҳ буда, таҷҳизоти гармидиҳӣ, ба монанди гармкунакҳои равғанӣ, гармусарддиҳанда (кондитсионер) дар истифода қарор доранд.

ҳамчунин раёсати донишгоҳ ба нақша гирифтааст, ки барои бо пуррагӣ таъмин намудан бо системаи гармидиҳии ягона марқала ба марҳала 2 адад буғхонаро барои ду бинои таълимӣ ва 4 бинои хобгоҳ сохта ба истифода диҳад.

Алҳол сохтмони як буғхона, ки дорои ду деги гармидиҳӣ мебошад, аз тарафи ширкати «Экотехнолоҷӣ» ба анҷом расидааст.

Сохтмончиён мақсад доранд, онро пеш аз муҳлат ба истифода диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh