НОМИ ДИГАР ВА НАМОИ ДИГАРИ «РОҒУН» — ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ! Эҳдо ба Рӯзи Президент ва ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун»

РОҒУН! Ҳанӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун»  дар оғози бунёд буд, ки ин вожа бо ҷилои дурахшонаш дилу ҷони мо, роҳи имони моро рӯшан мекард.

Ҳанӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор оғоз накарда буд, ки ин вожа бо гармии умедбахши худ  хонаҳои моро дар сардиҳо гарм медошт, зеро дилу ҷони моро гарм карда буд.

Вожае, ки дар худ армони ҳазоронсолаи як халқи равшанравонро инъикос кард.

Вожае, ки дурахши меҳр, муҳаббат ва самимияти як миллат гардид.

Вожае, ки ба мо  бовар бахшид ва раҳнамоямон ба сӯи оянда шуд.

Роғун! Вожае, ки чун қасам дар забони халқи мо садо дод. Қасами муҳаббат, қасами садоқат, қасами ватандорӣ!

Роғун!  Ангезаи эҷод, заминаи бунёд, таровати имдод, чӣ маъниҳое, ки ин як вожа аз ниҳоди худ ба мо бикшод.

Дар ин вожа садоқат ба Ватан, муҳаббат ба озодӣ ва эътимод ба Истиқлолияти давлатӣ падидор гардид. Зеро дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» халқи некманиш ва заҳматпарвари мо дурахши наҷоти худро дарёфта буд.

Роғун вожае гардид муқаддас, зеро халқи моро бори авввал дар таърих чунин бо эътимод ба ҳам овард, зеро бунёди он ҳадафи баланди миллии тоҷикон гардид. Водошт, ки тамоми мардуми тоҷик, сарфи назар аз  маҳал ва мансубиятҳои дигар аз як гиребон сар бароранд,  ба ҳам оянд, ба ваҳдат ва ягонагӣ бирасанд.

Роғун! Дар тӯли 70 км нақбҳои боҳашамати зери кӯҳҳо, ки ҳосили кору пайкор, заҳмату шуҷоат ва ҷоннисориҳост, ҷойгир аст он. Дидани он ки чӣ гуна инсон сангу  оҳанро дар ҳарорати  муҳаббату садоқат дар кафи худ об кардааст, дидани пирӯзии инсон бар аждари обҳову ғӯли кӯҳҳо дидани Роғун аст.

Роғун майдон аст, корзор аст, мактаб аст: майдони ҷавонмардӣ, корзори ҷоннисорӣ ва мактаби худшиносии миллӣ.

Бубинед, чӣ қадар тобишҳо ва маъниҳои баландро тавонистааст дар худ ҷило бахшад ин як вожаи дурахшон. Роғун -садоқат, Роғун — бовар, Роғун — таҳаммул,  Роғун — дониш, Роғун — ҳунар, Роғун — дӯстӣ, Роғун — бародарӣ …

Аммо Роғун, пеш аз ҳама, таҷассуми муҳаббати Ватан аст. Таҷассуми симои бешикасти халқи мост.

Оқибат Роғун имтиҳон аст, имтиҳони асолати инсонию миллии мо, тоҷикон. Имтиҳоне, ки миллати тоҷик дар он тамоми сифатҳои баланди инсонию башарию таърихии худро тавонист ҷамъ оварад ва бо сарбаландиву сарфарозӣ, новобаста ба ҳама гарониҳою хатарҳо аз он бигзарад ва сарбаланд бошад.

Кас мехоҳад нидо кунад: Зиндаӣ ту, эй хуҷаста миллат! Зиндаӣ ту , эй сиришти нек!  Зиндаӣ ту, эй зодаи Ҳурмузд! Зиндаӣ ту, эй миллати сарбаланде, ки рамзи зиндагониат созандагию бунёдкорист!

Инак, фаро расид он лаҳзаи муқаддас, лаҳзаи подошҳо. Подоши заҳматҳои ҷоннисорона, ҷавонмардиҳо, подоши садоқат ва муҳаббат… Инак, нахустин агрегати барқии Роғун ба кор андохта мешавад!!!

Бале, афсона ҳақиқат мешавад, торикӣ мунаввар мегардад.  Равшанӣ ва гармии ин муҳаббат, ки ҷуз муҳаббати Ватан нест, бо суръати нур ҷаҳонро фаро мегирад, мерасад ба ҳар дил, ба ҳар хона…

Муждаи ба кор оғоз кардани Роғун муборак бод, эй халқи хайрхоҳи ман! Эй барандаи нури фарҳангу маърифат, нури хирад! Имрӯз ту барандаи нури оламгири муҳаббату дӯстиву ваҳдатӣ!  Бо суханони Мавлонои бузург: То ба ҳафт осмон муборак бод!

Роғуно, Роғун! Чӣ неруе тавонистааст туро дар ин замони тӯфонзо ҷоннисорона бунёд намояд!?. Муҳаббати Ватан? Садоқати диёр? Андешаи ояндаи зебо? Бале!  Боз шояд нанги ватандорӣ, армони миллӣ! Бале!

Лек  ҳадафи волотар — бунёди хештан, бунёди асли худ, эҳёи тоза ёфтан, аз нав сохтани сиришти тозаи худ ҳадафи муқаддасе буд, ки моро раҳнамо  буд. Ёфтани симои  аслии худ аз моварои обу оташу санги Ватан. Бунёди симои воқеӣ ва арзандаи хеш дар ҷаҳони мураккаби муосир! Симои шоистаи миллати нуровар!

Аммо навиштаи мо ҳанӯз ҷамъбаст нашудааст. Симои адолат, муҳаббат, садоқат…Инҳо ҳама воқеан симои Роғунанд. Аммо, азизон! Оё метавон дар ин маврид унвонеро ёбем, ки ба ҷои ин вожаи дурахшон, яъне Роғун монему маъно гум нашавад. Мантиқан ҳама маъниҳои асливу маҷозиву рамзии онро дар худ таҷассум созад?

Бале, метавонем ва банда бо камоли бовар ва дили пур мегӯям, ки ин унвон Пешвои миллат ва ин ном Эмомалӣ Раҳмон аст!

Оё метавон бунёди Роғунро бе муҳаббати баланди ватандӯстӣ, бе истодагарӣ, бе сабру таҳаммул, бе ҷоннисориҳои ҷавонмардона, бе хирад ва зиракӣ, бе саҳми бузурги маънавию ҷисмонии шахсии ин нафар тасаввур кунем?!

Пешвои миллати мо ҳатто худ дар сари фармони булдозер нишаста, пеши роҳи дарёи лотасхирро бубастанд. Ин оё ҳақиқате нест, ки мо ба чашми худ дидаему шоҳиди он будаем? Бале, номи дигар ва намои дигари Роғун —  Эмомалӣ Раҳмон аст.

Мо ба чашми худ дидем, ки ин иқдоми Пешво чӣ қадар хатар дошт, ҷоннисорона буд, аммо он кас бо камоли ғайрату ҷасорату қатъият ин корномаро сарбаландона иҷро карданд. Ҳама моту маҳбут, ҳама қоил шуда буданд. Мо дидем ва ҳама диданд, ки Пешвои миллати мо на фақат зебандаи сари минбарҳои баланди сиёсӣ, балки зебандаи сари фармони булдозер ва ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳам ҳастанд.

Ва ҳассостарин лаҳза ҳамон лаҳзае буд, ки оқибат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба танҳо дар набарди дарёи асрҳо таслимнопазир бо булдозер пеши маҷрои якраву таслимнопазири дарёро бубаста, аз соҳил ба соҳили дигар гузаштанд.

Ин гузаштан чӣ қадар рамзҳои бузург дошт. Яъне гузаштан аз ноободӣ ба ободӣ, аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз вартаҳои ҳалокат ба зиндагии созанда барои миллати бузурги тоҷик!

Ва боз миллати мо миллати пайвандгари соҳилҳои аз ҳам ҷудо гардид, миллати сулҳу оштӣ, миллати васлу дидори ҷонибҳои аз ҳам ҷудо!

Чунин ҷасорату қаҳрамонӣ ва пирӯзӣ набардҳои Рустами афсонавӣ бо девҳоро ба хотир меорад. Фарқ ин аст, ки набардҳои Рустами достонро мо надидаем ва намедонем афсонаанд ё ҳақиқат, аммо набарди Эмомалӣ Раҳмонро бо ғӯли дарё ва пирӯз омаданашонро ба чашми худ дидем.

Роғуно, Роғун! Туро мо дар рӯи шонаҳои худ сохтаем, туро мо ба рӯи тахтапушти худ бардоштаем. Балки мо туро на, худро зара-зарра, пора-пора, ваҷаб ба ваҷаб мисли сиришти худ бо ҳама таҳаммулу заҳматҳо, бо хишти тану соруҷи равон бунёд кардаем!

Аё Роғун! Аввалин нурҳои ту паёми нурҳои ниҳоди равшандилони миллати моянд! Нури башорати дурахшони ҳастии шуобахши дирӯз, имрӯз ва фардои миллати тоҷик!

Миллати ман! Дар умқи ниҳоди ту чашмаест худододу нурафшон, ки ҳамеша дар алфози пок ва назари неку ниятҳои хайрхоҳонаи  ту ҷорӣ будаасту ҷорист. Аз ин чашма илму адаб, хираду фарҳанги ҷаҳонӣ он қадар оби рӯшноӣ гирифтаву нурборон гардидааст, ки шуои ин нур баъд аз гузашти замонаҳо боз ҳам дурахшон аст.

Ва ҳамин нур буд, ки моро аз ҳама торикиҳои зиндагиву рӯзгор, аз ҳама зулмоти таърих ва тақдир гузаронд. Диламонро дар ториктарин лаҳзаҳо мунаввар сохт, хотирамонро дар мудҳиштарин лаҳзаҳо фурӯзон дошт. Нуре, ки моро чун ҷон зинда доштаасту зинда медорад. Нури гузаштагони мо, нуре, ки раҳнамои мо гашт, нури бовар, нури маънавиёти миллати тоҷик! Ҳамин нур аст, ки мо имрӯз кохи онро бунёд кардем!

Миллати  нурофару нуровари ман! Ту сазоворӣ! Бо он сиришти неку хайрхоҳ, бо он дили пур аз меҳру шафқат, бо он синаи раҳм ва сари шӯрида, бо ҳама суннату оинҳои баланди инсонӣ, бо  ватандӯстии шераконаву ҷоннисории испитамона, бо он хиради авастоӣ, покизаравонии сиёвушона,  суханофаринии Рӯдакиёна, бо ин ки ҳама умр ба рӯзгорон нуру сафо овардаӣ, бо ин ҳама содадиливу бовармандӣ, башардӯстиву меҳмоннавозӣ сазовори чунин   сарбаландии тақдир будаӣ ва ҳастӣ!

Муборак бод бунёди Роғун ба миллати нурофари тоҷик!

Муборак бод оғози фаъолияти Роғун ба Сарвари ҷоннисори кишвар!

Муборак бод фараҳи нур ва сафои рӯшанӣ ба мардуми некманиши тоҷик!

Нурборон бод зиндагии халқи некӯманиши мо!

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии
АМИТ «Ховар»

Add comment


Security code
Refresh