Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода: Роҳбар бояд кордон, дилсӯзи мардум ва меҳанпараст бошад!...

Ҷаласаи фаъолони вилоят

17 октябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли равон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, мудирон шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохтору мақомотҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоату шаҳрак, намояндагони ташкилоту идораҳои мухталиф, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушду таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои шоиста амалӣ мешаванд. 

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 маърӯзаи муфассал намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят 12 миллиарду 766,2 миллион сомониро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли гузашта 7 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,9 фоиз мебошад.

Давоми давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ расонида шуд. Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда ба 113,9 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо 109,9 фоиз баробар гардид.

Дар ин давр таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба миқдори 863,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 264,3 ҳазор тонна ё 1,4 баробар зиёд аст.

Дар баробари дастоварду пешравиҳо, мутаассифона, дар фаъолияти соҳаи саноати вилоят як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд.

Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 2660,5 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 88,8 фоиз таъмин карда шудааст. Пастравии суръати рушд ба фаъолияти Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой вобаста мебошад, зеро саҳми корхонаи мазкур дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии шаҳр зиёда аз 82 фоизро ташкил дода, ба иҷрои нақшаи пешбинишудаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр таъсири бевосита дорад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ аз сабаби фаъолият накардани ҶСП “Олимтекстайлз” суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин даври соли гузашта ҳамагӣ 93,1 фоиз таъмин гардида, ба маблағи 83,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Ҳиссаи ин коргоҳ дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии ноҳия дар ҳамин даври соли сипарӣ 27,3 фоизро ташкил дода буд.

Шумораи корхонаҳои фаъолиятбурда дар ин давр ба 514 адад баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017-ум 22 адад зиёд аст. Мутаассифона, коҳишёбии миқдори корхонаҳои фаъолиятбурда дар шаҳру ноҳияҳои Ашт (1 адад), Деваштич (2 адад), Зафаробод (1 адад), Исфара (2 адад) ва Конибодом (3 адад) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи нақша дар соли 2018 ба истифода додани 88 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1613 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми нӯҳ моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 73 корхонаву коргоҳи нав бо 1049 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 бунёди 7 корхонаву коргоҳҳои коркарди шир ба нақша гирифта шуда, дар ин замина 55 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Корбарӣ дар ин самт дар шаҳрҳои Истиқлол, Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич ба талабот ҷавобгӯй намебошад.

Кишоварзони вилоят бобати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 5594,5 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 106,6 фоизи ҳамин даври соли гузашта мебошад. 

Барои ҳосили соли 2018 дар масоҳати 272521,4 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Дар майдони 57193,6 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки нисбат ба соли сипарӣ 6428,6 гектар зиёд мебошад.

Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 20994,7 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 4932 гектар ё 30,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 397543,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 160261,8 тонна пиёз, 297373,6 тонна картошка, 116119,9 тонна мевагӣ, 50301,5 тонна ангур, 29020,6 тонна гӯшт, 186136,8 тонна шир, 142,1 миллион дона тухм, 1323,1 тонна асал, 1401,6 тонна пашм ва 400,3 тонна пилла истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 истеҳсоли сабзавот 63083,1 тонна, аз ҷумла пиёз 49733,9 тонна, картошка 53196,1 тонна, мевагиҳо 9944,2 тонна, ангур 6558,6 тонна, гӯшт 616,5 тонна, шир 3146,2 тонна, тухм 33,8 миллион дона, асал 13,2 тонна, пашм 19,9 тонна ва пилла 15,6 тонна зиёд мебошад.

Дар вилоят нисбати рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ҳосилғундории соли 2018 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 100038 тонна пешбинӣ гардидааст. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона ҷараён дорад.

Дар миқёси вилоят 26 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии зиёда аз 6 ҳазор тонна мебошанд. Айни ҳол, мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 1433 тонна маҳсулот, аз ҷумла 862 тонна себ ва 565 тонна ангур захира карда шудааст.

Дар натиҷаи таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 541,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 59,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 миллиарду 199,3 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1 миллиарду 249,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,1 фоиз ё ин, ки 49,8 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин даври соли 2017 ба маблағи 60,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ ва маҳаллии вилоят, дар ин давр шаҳри Конибодом ба андозаи 1,8 фоиз (-703,3 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Спитамен ба андозаи 4 фоиз (-1349,3 ҳазор сомонӣ) ва шаҳри Хуҷанд ба андозаи 1,3 фоиз (-1455,7 ҳазор сомонӣ) уҳдадориашонро дар иҷрои қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда натавонистанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 11 намуди андоз дар ноҳияҳои Мастчоҳ 4 намуд, Ашт, Гулистон ва шаҳри Хуҷанд 3 намуд, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан ва Спитамен 2 намуд, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 намуд иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб 51,3 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷети давлатии шаҳру ноҳияҳо ворид нагардид.

Дар вилоят барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Алҳол, дар вилоят 35 муассисаи таълимии томактабӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ташкил гардида, дар умум 46 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ фаъолият намуда истодаанд.

Иҷрои Барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Шаҳристон дар сатҳи паст қарор дошта, то ба ҳол дар шаҳру ноҳияҳои зикрёфта муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ба истифода дода нашудааст.

Вазъият бобати ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Чунин ҳодисаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Исфара-10, Б.Ғафуров-11, Хуҷанд-13, Гулистон-5, Конибодом-6, Истиқлол-4, Истаравшан, Бӯстон-3, Спитамен-4, Айнӣ, Панҷакент, Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Деваштич, Шаҳристон-1 ададӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи дастури Раиси вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои 46 муассисаҳои таълимии садамавӣ амалӣ мегардад.

Соли сипаришуда барои таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва умуман рушди соҳаи тандурустӣ тадбирҳои зиёде андешида шуд.

Бо баробари дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад.

Миқдори гирифторони Бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) сол аз сол зиёд шуда, аз соли 2001 то 9 моҳи соли 2018 шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар вилоят ба 2261 нафар расидааст. Дар даври нӯҳ моҳи соли 2018 мубталои бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) 251 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017-ум 27 адад зиёд мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар ин давр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз фаъолияти сусти роҳбарони баъзе сохторҳо изҳори нигаронӣ намуд.

Аз ҷумла, Раиси вилоят дастовардҳои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоятро дар ин давр нокифоя арзёбӣ карда, ба масъулин бобати оммавӣ намудани варзиш, бунёди майдончаҳои варзишӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ дастуру супоришҳои амиқ дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Гулистон, сардори идораи кишоварзии вилоят ва дигарон пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулонро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои хурду миёна, пардохти саривақтии маблағи нерӯи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, доир намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ, қабули шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии масоили онҳо, дастгирии ниёзмандон, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳим корбарӣ намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар вилоят бахшида ба ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду сохтмони беш аз 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст ва алҳол корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза доранд.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh