Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ

9 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» боздид намуд.

«Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» яке аз корхонаҳои дар гузашта маъруф ба ҳисоб рафта, бо сабабҳои гуногун бо иқтидори лоиҳавиаш фаъолият надорад. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар ин корхона якчанд сехҳои истеҳсолӣ фаъол аст ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Барои пурра истифода намудани иқтидори истеҳсолӣ бошад марҳила ба марҳила тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид аз  вазъи ногувори атрофи корхона ва дохили бархе аз сехҳои истеҳсолӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин замина ба роҳбарияти корхона дастур дода шуд, ки ба корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Гулистон вазифадор карда шуд, ки барои воридсозии технологияҳои нави истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва бештар намудани ҷойҳои корӣ чораҷӯӣ намояд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҳолати имрузаи Корхонаи воҳиди давлатии «Садаф», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуд. Тавре ба назар расид, ин корхона низ аз бемасъулиятии шахсони мутасаддӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад ва дар баробари ин заминҳои ҳудуди корхона самаранок истифода бурда намешавад.

Раиси вилоят дар ин самт нисбти фаъолияти бархе аз шахсони масъул эрод гирифта,  барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат муайян намуд. Зимнан дастур дода шуд, ки иқтидори истеҳсолиикорхона ба пуррагӣистифода карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муқим-2016», ки ба истеҳсоли шифер машғул аст, ошно шуд. Ҳоло дар ин корхона як хати истеҳсолӣ фаъол буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти дуввум низ фаъол гардонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh