Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Спитамен

4 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен бо ҷараёни бунёди як қатор иншооти гуногун шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал дар Ҷамоати деҳоти Куруш рафти таъмиру барқарорсозии қасри фарҳанги ҷамоатро мавриди назар қарор дод. Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, бо гузашти солҳо таъмирталаб гардида буд ва дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба  ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ карда мешавад.

Раиси вилоят дар аснои боздид иброз дошт, ки бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати муассисаҳои соҳаи фарҳанг сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Раҷаббой Аҳмадзода бо қаноатмандӣ аз раванди корҳои сохтмонӣ ба масъулин барои ободу сарсабз намудани муҳити атроф дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои китобхонаи марказӣ ва осорхонаи миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат шинос шуд. Бинои сеошёнае, ки ба таври замонавӣ қомат хоҳад афрохт, ҳамчун китобхона ва осорхонаи миллӣ истифода мешавад. Бо назардошти нақши китобхона ва ҳам осорхона дар ҳаёти маънавии сокинон Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар китобхонаи марказӣ бояд барои гузаронидани маҳфилҳои гуногун низ шароитҳои зарурӣ фароҳам гардад.

Сипас, Раиси вилоят корҳои сохтмонии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷараён дорад, мушоҳида намуд ва ба масъулин ҷиҳати тезонидани суръати корҳо ва ободонии атроф супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 24 метрро ташкил медиҳад ва атрофи майдон ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта шуда, ба мавзеи фарҳангиву истироҳатӣ табдил дода мешавад. Иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда, пудратчии он ҶДММ “Элегант” мебошад.

Зимни сафар Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати шаҳраки Навкат рафти бунёди майдончаи варзишӣ ва бинои Маркази адлияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои вусаът бахшидани корҳо ва сарсабзнамоии атрофи иншооти бунёдшаванда ба масъулин тавсияҳо дод.

Пасон, Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ташриф оварда, бо корҳои сохтмонии мактабу нави замонавие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд мешавад, ошно шуд. Бинои нави таълимӣ, китибқи созишномаи байниҳукуматӣ дар маҳаллаи навбунёди ноҳия сохта мешавад, барои 630 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби нав дар масоҳати умумии бештар аз 2 гектар қомат афрохта, тибқи иттилои масъулин дорои таҳхона, ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ хоҳад буд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар маҳаллаи навбунёди Спитамени Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия соли 2010 барои 2700 оила зиёда аз 355 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, то имрӯз дар заминҳои ҷудошуда зиёда аз 1200 хонаи истиқоматӣ бунёд гардида аст ва 800 оила дар манзилҳои нав зиндагӣ мекунанд.

Раиси вилоят инчунин аз муассисаи таълимии рақами 12-и ҷамоати мазкур боздид намуд. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, бинои мактаби мазкур охирҳои асри гузашта бунёд гардида, ҳолати ногувор дорад. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ ва бо назардошти ҳолати вазнини бинои таълимӣ ба масъулини соҳаи сохтмони вилоят дастур дод, ки лоиҳаи бинои нави мактабро барои 740 хонанда омода ва пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh