Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент

30 августи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.

Дар мулоқот рафти иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 – солагии шаҳри Саразми бостонӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фаъолон иброз дошт, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни таърихӣ қарори Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, № 51 «Дар бораи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар ҳудуди вилоят ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллат 1300 рўзи меҳнати зарбдор эълон гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида зарур аст, ки дар тамоми қаламрави кишвар - аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, дар давоми се соли дар пеш истода дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шавад.


Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони зиёда аз се ҳазор иншоот, аз ҷумла, коргоҳҳои саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, сохтмони хатҳои муҳандисӣ, чароғонкунӣ ва асфалтпўш намудани кўчаву хиёбонҳо, сохтмони толорҳои варзишию ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои фарҳангу китобхонаҳо аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст. Бунёди чунин иншоотҳо имконият медиҳад, ки дар се соли охир аксарияти мушкилоти дар маҳалбуда ҳал шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд ва симои шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоман дигаргун шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни фархундаи миллат дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 265 иншоотҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ, толори варзишӣ ва майдончаи бозиҳои кўдакон, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, китобхона марказҳои саломатӣ, сехи дўзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, роҳҳои дохилӣ ва муассисаҳои таълимӣ таъмиру навсозӣ карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, роҳбарияти шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати таъмири роҳҳои байни маҳалҳо, таъсиси боғҳои нав, хатти барқ ва хатҳои оби нўшокию полезӣ дар ҳар як деҳа, бунёди нуқтаҳои гигиенӣ, биноҳои истиқомативу иншоотҳои маданӣ-маишӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст ва дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хоса дошта, таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад.

Ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №391 аз 21 сентябри соли 2000-ум мақоми ҳуқуқии «Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гашт. Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рўйхати Умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардида, тибқи Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020 барои амалишавии он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 64 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

-Маҳз бо назардошти аҳмияти таърихӣ ва мақоми хосаи Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон cанаи 19 марти соли равон дар мулоқот бо зиёиён пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад,- изҳор дошт Раиси вилоят.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакентро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ мутахассис тайёр мекунанд, корҳои бостоншиносиро дар ҳудуди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳри қадимаи Саразм вусъат бахшанд ва ҷустуҷўҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷўӣ кунанд.

Таъкид карда шуд, ки дар назди ёдгориҳои Саразм ва Панҷакенти қадим инфрасохтори зарурӣ бунёд ва ин ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ пурра барқарор шуда, ба макони сайру саёҳат табдил дода шаванд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои аз назари илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ омўхтани ёдгориҳои шаҳри Саразм якҷоя бо Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ намуда, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба баргузории ҷашни 5500-солагии Саразми бостониро таҳия ва тасдиқ намояд.

Бунёд намудани осорхона ва инъикос намудани ҳаёти мардуми Саразми 5500-сола бо тарзи гилин ва дигар дастовардҳои тамаддуни гузашта, бунёди минтақаҳои истироҳатӣ, мағозаи армуғонҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ, бояд бо мураттаб намудани нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ин ҷашн ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои таърихии омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар назди роҳбарияти шаҳр ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайру савоб, кўмак расонидан ба ятимону маъюбон, мўҳтоҷон, камбизоатон, оилаҳои серфарзанду шахсони бесарабон, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, омода намудани корхонаву муассисаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ба мавсими зимистон, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуби шомилшавии шаҳрвандони алоҳида ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh