Таҳкими андешаҳои навсозӣ шаҳодати пешрафти иқтисоди миллист!

Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018

19 июли соли 2018 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2018 баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамзамон, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.

Ҷаласаи фаъолонро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

Муовини  Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ “Оид ба  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2018" маърӯза  намуд.

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли равон баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд, - таъкид дошт муовини Раиси вилоят.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин даври соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии  вилоят таъмин шудааст.

Саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят сол аз сол афзоиш ёфта, дар нимсолаи аввали соли равон он 34,4 фоизро ташкил намуд. Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2018 ба 107,8 фоиз ва ҳаҷми умумии он ба 7 миллиарду 322,2 миллион сомонӣ расонида шуд.

Давоми шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 4976,1 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта суръати афзоиш 110,9 фоиз таъмин гардид.

Аз 602 корхонаи саноатии вилоят дар даври ҳисоботӣ дар 346 корхона ё 57,5 фоиз нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта  афзоиши ҳаҷми истеҳсолот таъмин гардид. Миқдори корхонаҳои фаъолият накарда дар ин давр 133 адад ё 22,1 фоизро ташкил дода, боқимонда 123 корхона ё 20,4 фоиз афзоиши ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин даври соли гузашта таъмин карда натавонистанд.

Сабабҳои фаъолият накардану ақибмонии корхонаҳои саноатӣ нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, ба рақобат тобовар набудани  маҳсулоти истеҳсолшуда ва нодуруст ба роҳ мондани идоракунии корхонаю коргоҳҳо мебошанд.  

Дар ин давр таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зоҳир гардид.

Дар ин давр шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Истиқлол, Конибодом, Айнӣ, Зафаробод, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров нишондиҳандаҳои баланди рушди истеҳсолотро дар сатҳи аз 110,9 то 159,2 фоиз нисбат ба ҳамин даври соли гузашта таъмин намудаанд.

Тибқи нақша дар соли 2018 ба истифода додани 88 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1613 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми шаш моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят 47 корхонаву коргоҳи нав бо 684 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

 Бояд қайд кард, ки давоми шаш моҳи соли равон дар вилоят 19 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 293 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Деваштич - 5 адад, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров - 2 ададӣ,  Айнӣ, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд - 1 ададӣ коргоҳҳо ба кор даромаданд.

Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят барои соли таҳсили 2018-2019 муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ барои дӯхтани 301760 адад либоси мактабӣ шартномаҳои дахлдор баста, давоми 6 моҳи соли равон 166811 адад либоси мактабӣ дӯхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 2,7 баробар  зиёд мебошад.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли равон ба 1881,3  миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 105,9 фоизи ҳамин даври соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2018 дар масоҳати 272521,4 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.  Дар майдони 57193,6 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки нисбат ба соли сипарӣ 6428,6 гектар зиёд мебошад. Бо зиёдшавии масоҳати кишти пахта барои рушди соҳаи саноати коркард, бахусус корхонаҳои пахтатозакунӣ, равғанбарорӣ ва коркарди нахи пахта заминаи мусоид фароҳам омада, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда меафзояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 67207,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 37498,4 тонна пиёз, 25088,2 тонна картошка, 48077  тонна мевагӣ, 8539 тонна полезӣ, 17813,2 тонна гӯшт, 130441,7 тонна шир, 82,7 млн.дона тухм, 153,4 тонна асал, 1142 тонна пашм ва 400,1 тонна пилла истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 истеҳсоли сабзавот 3973,3 тонна, аз ҷумла пиёз 1109,4 тонна картошка 11995,9 тонна, мевагиҳо 8630,7 тонна, полезиҳо 1255,6 тонна, гӯшт 474,4  тонна,  шир 3433,6 тонна, тухм 14,1 млн. дона, асал 8,1 тонна, пашм 15,8 тонна ва пилла 47,3 тонна зиёд мебошад.

Дар  самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ тадбирҳо андешида шуда, дар вилоят 219 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд, ки дар танзими системаи обрасонӣ ва таъминоти бонизоми заминҳои кишоварзӣ бо об нақши муҳим доранд.

Дар даври ҳисоботӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 1,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияҳои Ашт 400,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 800,0 ҳазор сомонӣ ва Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Илова бар ин барои иваз намудани 200 метр лӯлаҳои баландфишори пойгоҳи обкашии “Янтоқ-2” - 250 ҳазор сомонӣ ва барои харидани 2 муҳаррики барқӣ ба пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” - 2,0 млн. сомонӣ аз буҷети вилоят маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар рӯзҳои ҷашнгирии Иди Наврузи байналмиллалӣ силсилапойгоҳҳои обкашии “Қизилӣ” таҷдиду азнасозӣ гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, зиёда аз 4 ҳазор гектар заминҳои ташналаби ноҳияҳои Истаравшан ва Деваштич бо оби полезӣ таъмин карда шуд. 

Баробари пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ камбудиҳо низ ба назар мерасанд.

Дар мавсими кишти ҳосили соли равон нисбати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам ва ба пуррагӣ мавриди истифода қарор додани онҳо корҳои муайян ба сомон расонида шуда бошад ҳам 3248,8 гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки 3119,5 гектар заминҳои корами обӣ мебошад.

Аз ҷумла, холӣ мондани заминҳои корами обӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 501,09 гектар, Бобоҷон Ғафуров 87,1 гектар, Деваштич 13 гектар, Зафаробод 375,6 гектар, Конибодом 110,1 гектар, Мастчоҳ 700 гектар, Спитамен 105,7 гектар, Истаравшан 1144,8 гектар ва Панҷакент 64,5 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар шаҳри Конибодом 110,14 гектар ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 124,4 гектар аз ҳисоби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ заминҳои корами обӣ аз гардиш берун мондааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 266,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2017-ум 137,2  фоизро ташкил медиҳад.

Тайи шаш моҳи соли 2018 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти вилоят вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифта, бобати таъмини рушду дастовардҳои шоиста, бахусус баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ, Айнӣ ва роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, бобати фаъолият накардани якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳми соҳибкорон ва дигар масъалаҳои муҳим  ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят масъулин, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони  шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо корбарӣ намуда, бобати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амиқ андешанд.  

Дар ҷаласаи фаъолон муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид низ суханронӣ намуда, аз саҳми арзишманди вилоят дар рушди иқтисодиёти мамлакат ёдовар гардид. Мавсуф вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро таҳлил намуда, бобати беҳтар шудани корҳо дар самти воридоту содирот, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти пурсамари корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷом зикр намуд, ки таҳти сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди вилоят баҳри ноил шудан ба комёбиҳои шоистаи меҳнатӣ саъйу талош варзида,  бо иқдомҳои нек ва корҳои  созандагиву ободонӣ ҷашни бузург – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh