“Пойафзолдӯзи Хуҷанд” эҳё мегардад

Тавре иттилоъ дода будем, 19-умии апрели соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо вазъи кунунии ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” ва корхонаи дӯзандагии “Зиннат” аз наздик шинос гардида, ба роҳбари корхонаи “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин коргоҳ дубора ба фаъолият шуруъ намуда, гирду атрофи бино рангубор ва даромадгоҳи он асфалтпӯш карда шавад. Оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоят мо аз ин корхонаҳо боздид намуда, бо масъулини онҳо ҳамсуҳбат шудем.

Наим Набиев - сармуҳандиси корхона зимни суҳбат гуфт, ки айни ҳол корҳои таъмири сех, рангубори атрофи бино ва асфалтпӯш кардани даромадгоҳ рафта истодааст. -Бояд қайд намоям, ки коргоҳ соли 1939 ташкил шуда, он дар гузашта яке аз корхонаҳои маъруф маҳсуб меёфт, маҳсулоти чармӣ ва пойафзол истеҳсол мекард. Ашёи хом аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ворид мегардид.

Солҳои охир коргоҳ аз ҳисоби надоштани фармоиш аз фаъолият бозмонда, соли 2009 барои беҳтар намудани вазъ таҷҳизоти замонавиро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои дӯхтани кафшҳои занонаи «Иринка» ворид намуда, истеҳсоли онро ба роҳ монд. Аз сабаби он, ки нархи ин намуди пойафзол нисбат ба пойафзоли мо арзон аст, аз ин рӯ маҳсулоти мо ба фурӯш нарафт ва натавонистем, дигар истеҳсоли онро ба роҳ монем.

Баъди ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мо ба шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намудем. Бо соҳибкорони он ҳамкориро ба роҳ монда, бо ворид кардани ашёи хом намудҳои пойафзоли мактабиро истеҳсол карданием. Намунаи онҳоро ба якчанд мактабҳои шаҳр бурда, фармоиш низ гирифтем ва рӯзҳои наздик корхона ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар сурати хуб ба фурӯш рафтанаш маҳсулот ба мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят кафшҳои коргоҳро пешниҳод менамоем,- гуфт номбурда.

Роҳбари ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” А.Пӯлотов иброз дошт, ки коргоҳ инчунин нақша дорад, сехи истеҳсоли пойафзоли занонаи “Иринка”-ро ба роҳ монад. Дар сурати пурра барқарор гаштани истеҳсоли пойафзолдӯзӣ дар коргоҳ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар як моҳ баъди барқароршавӣ дар фабрика то 800 ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh