Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2018

HTML Source EditorWord wrap

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

“Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2018”

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 июли соли 2018 ба андозаи 104,3 фоизи нақша иҷро гардида, 804,2 млн. сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 29,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,5 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,3 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,6 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,8 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,4 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4976 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 110,9 фоизро ташкил кард.

Аз 134 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - июни соли 2018 истеҳсоли 91 номгӯй (67,9 фоиз) афзуда, 41 номгӯй (30,6 фоиз) кам шуда, 2 номгӯй (1,5 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 602 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 346 корхона (57,5 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ - июни соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 133 воҳид ё 22,1 фоизро ташкил карда, 123 (20,4 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 133 корхонаи бозистода 59 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накарданд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017 афзоиши истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроӣ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ба маблағи 2085,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 19,4 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 19,9 фоиз ва энергетикӣ 17,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ҳаҷми истихроҷи маводи энергетикӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 фоизро ташкил дода, зиёдшавӣ аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг 12,5 фоиз, нафт 1,9 фоиз ба амал омадааст.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 2677,1 млн. сомонӣ ё 112,4 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 1089,4 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 250,8 млн. сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 281,4 млн. сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 92,1 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби камшавии истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот 30,5 фоиз, орд 25,5 фоиз, равғани растанӣ 11,2 фоиз, гӯшт 1,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 2,1 баробар зиёд гардид, ки он аз ҳисоби зиёдшавии семент 1,7 баробар, бетони сохтмонӣ 2,6 баробар ва хишти сементӣ 24,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 24,1 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани газвори абрешимии тайёр 5,5 баробар, маснуоти ҷорӯбӣ 10,8 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 39,5 фоиз, қолин ва маснуоти қолинӣ 22,6 фоиз ва газвори пахтигини тайёр 20,8 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 213,6 млн. сомонӣ ё 103,1 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - июни соли равон 145,6 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин дав-раи соли гузашта 109,3 фоизро ташкил кард.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 4946,8 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 14,2 фоизро ташкил медиҳад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018 дар ҳамаи бахши хоҷагӣ 1881,3 млн. сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 5,9 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 1124,1 млн. сомонӣ ё 7,1 фоиз ва чорводорӣ 757,2 млн. сомонӣ ё 4,2 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 дар ҳамаи категорияи хоҷагӣ 25088,2 тонна картошка ё 1,9 баробар, 67207,9 тонна сабзавот ё 6,3 фоиз, 8539 тонна полезӣ ё 17,2 фоиз, 48077 тонна меваҷот ё 21,9 фоиз, 15,4 тонна ангур ё 6,9 фоиз зиёд, мутаносибан 57660,1 тонна ғалладонагӣ ё 29,5 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 58851,8 тонна ё 1,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом дорад.

То 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ майдони 19,7 ҳазор гектар зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав карда шудааст. Аз онҳо, 19,5 ҳазор гектар кӯфта шуд, ки ҳосили он 41,7 ҳазор тоннаро ташкил кард, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 21,4 сентнерӣ мебошад.

Картошка ҳамагӣ аз 1124,2 гектар, ки ҳосили он 18,9 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 168,2 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 2040,2 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 50,5 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 247,4 сентнериро ташкил медиҳад ва 498,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 632 гектар 8 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 125,9 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 42,4 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд аст.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хӯроки чорво давом дорад.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1 июли соли 2018 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 109,6 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,7 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 70,5 ҳазор тонна ё 102,4 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 3,2 ҳазор тонна ё 105,5 фоиз тарбеда, 35,9 ҳазор тонна ё 81,9 фоиз коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 41,8 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 97,8 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 5,9 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти такрорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда кишти такрорӣ оғоз шудааст.

То 1 июли соли 2018 дар майдони 4726,5 гектар замин, кишти такрорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 756,8 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ – 47 гектар, дигар зироати ғалладонагӣ – 709,8 гектар, ҷуворимакка барои дон – 94 гектар, зироатҳои техникӣ – 57 гектар, аз он пахта – 25 гектар, картошка – 16,9 гектар, сабзавот – 272,5 гектар, полезиҳои озуқаворӣ – 101,3 гектар ва зироати хӯроки чорво – 3428 гектар мебошад. Кишти такрорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 фоиз иҷро шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Хоҷагиҳои вилоят то 1-уми июли соли 2018 дар майдони 794,4 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 71 фоиз иҷро шудааст. Дар ҳамаи бахши хоҷагиҳо 736,5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 117 гектар ниҳоли мевагиҳои тухмдор, дар 596,4 гектар ниҳоли мевагиҳои донакдор, дар 4 гектар ниҳоли мевагиҳои мағздор ва дар 19,1 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудааст.

То 1 июли соли 2018-ум 57,6 гектар токзори нав бунёд гардида, 887,6 гектар боғ ва 68,5 гектар токзор аз нав барқарор ва 7,4 ҳазор адад ниҳоли тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3570 трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2628 адад ё 74 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.

То 1 июли соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 762,6 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 398,4 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 213,6 килограмм рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,7 килограмм кам мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 июли соли 2018 дар ҳамаи бахши хоҷагӣ шумораи чорвои калон 644 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 ҳазор сар ё 1,2 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 25 ҳазор сар ё 1,6 фоиз, саршумори мурғ 418,6 ҳазор сар ё 25,5 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,4 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич - 3 фоиз, Мастчоҳ - 2,6, Бобоҷон Ғафуров - 1,6 ва Истаравшан - 1,4 фоизро ташкил дод.

Ба 1 июли соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахши хоҷагӣ 17813,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2017- ум 2,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 29,1 фоиз, Ашт – 4,2, Айнӣ ва Спитамен – 3,5 фоизӣ, Шаҳристон – 3 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 130441,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 июли соли 2017-ум 2,7 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 21,6 фоиз, Истаравшан – 4,2, Ашт – 3,4 ва Зафаробод – 3,3 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,6 фоизро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 июли соли 2018 ба миқдори 82737,1 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2017-ум 20,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 2,5 баробар, Ҷаббор Расулов – 1,7 баробар, Бобоҷон Ғафуров – 32,8 фоиз, Исфара – 16,8 фоиз, Шаҳристон – 8,3 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ бошад, 5637 сар гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 6,3 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 29,2 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 25,6, Мастчоҳ – 15,8, Ашт – 4,3 ва Истаравшан – 4,2 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд.

Ба 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 81175 сар барраю бузғола гирифтанд, ки нисбат ба 1 июли соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 1,2 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 29,2 фоиз, Айнӣ – 5,5, Ҷ.Расулов – 5 ва Зафаробод – 1,1 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 761 кг. шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2017-ум 2,1 фоиз ё 16 килограмм зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом - 53, Мастчоҳ - 39, Исфара - 28, Истаравшан – 21 килограмм зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 123 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2017-ум 0,8 фоиз ё 1 донагӣ кам аст.

Ба 1 июли соли 2018 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 37-сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 5,7 фоиз ё 2 сар зиёд аст.

Ба 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 90 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Зафаробод - 22, Ашт - 15, Бобоҷон Ғафуров - 6 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 134,5 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 2,1 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 8,2 тонна, шир 2,4 тонна, пашм 0,7 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 87 сар чорвои калон, 3798 сар гӯсфанду буз, 88 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 873 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 1,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 41 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 2,8 фоиз, зағорамоҳӣ – 3,9, амури сафед - 0,7, суфмоҳӣ – 13,0 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 79,6 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаи маблағгузорӣ ба маблағи 547305,4 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 97,6 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 313334,9 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 57,3 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаи сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 245100,4 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба соли гузашта 92 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 57153,5 ҳазор сомонӣ ё 23,3 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст.

Дар ноҳияи Спитамен анборҳои нигоҳдории гази моеъ ва сӯзишвории нафтӣ аз ҳисоби ҶСП «Фароз» ва ҶДММ «Гули Сурх континент» ба истифода дода шуд. Ба ҶДММ «Зерновая компания» таҷҳизоти замонавӣ ворид гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон анбори нигоҳдории орд ва маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Анҳор» ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 41507,4 ҳазор сомонӣ ё 16,9 фоиз, давлатӣ – 40894,5 ҳазор сомонӣ ё 16,7 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 28238,6 ҳазор сомонӣ ё 11,5 фоиз, ҶДММ – 90056,8 ҳазор сомонӣ ё 36,7 фоиз, корхонаҳои муштарак—369 ҳазор сомонӣ ё 0,2 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 44034,1 ҳазор сомонӣ ё 18 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 233970,5 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 42,7 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ба масоҳати 193721 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 115,5 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар моҳҳои январ – июни соли равон 159271 метри мураббаъ ё 82,2 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ - 23992 метри мураббаъ ё 12,4 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 10458 метри мураббаъ ё 5,4 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд.

Дар ноҳияи Ашт, Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар МТМУ №58 синфхонаи иловагӣ барои 180 ҷои нишаст аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ беморхона барои 55 кат ва бинои иловагӣ дар ҳудуди кӯдакистони №10 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз барои 30 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагона барои 240 ҷой аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ ва меҳмонхона барои 41 кат - ҷой аз ҳисоби маблағи соҳибкори инфиродӣ сохта ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ - июни соли 2018 бо қувваи худ ба маблағи 186187,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 115,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 193,9 ҳазор сомонӣ (0,1 фоиз), саҳҳомӣ 11830,4 ҳазор сомонӣ (6,4 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 168346,8 ҳазор сомонӣ (90,4 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 5816 ҳазор сомонӣ (3,1 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 бо ҳамаи намуди нақлиёт 13,4 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 102,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 11,6 млн. тонна (нисбат ба соли гузашта 2,8 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 1,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 99,8 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ҳаҷми 1299 млн. тонна/ км. ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 16,9 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намуди нақлиёт дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 86,1 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 106,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилии вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 86 млн. нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 106,1 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 16,5 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 107,8 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 93,3 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 92,7 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намуди нақлиёт 1500,3 млн. мусофир/км.ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 104,6 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд, 1653,8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2017-ум 1,3 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 664,6 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 40,1 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 1,8 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 631,9 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 гардиши савдои чакана, яклухт, таъмири автомобилҳо дар вилоят 4968,5 млн. сомониро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 суръати афзоиши гардиши мол бо нархҳои муқоисавӣ 21,1 фоиз ё ба маблағи 986 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 3847,2 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 1937,4 млн. сомонӣ ё 50,4 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 301,5 млн. сомонӣ чорвои зинда, 718,1 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 84,7 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 743,9 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба таъмири автомобилҳо 61,6 млн. сомониро ташкил додааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 49,9 фоиз ё 1889 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (18,2 фоиз), орд (7,8 фоиз), маснуоти қаннодӣ (6,8 фоиз), равғани растанӣ (5,8 фоиз), қанду шакар (3,2 фоиз), меваҷот (2,7 фоиз) ва картошка (1,6 фоиз). Таносуби молҳои ғайриозуқа 50,1 фоиз ё 1896,6 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводи бинокорӣ (29,1 фоиз), газворҳо (13,4 фоиз), пойафзол (8,2 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (6,7 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (4 фоиз), либос (3,87 фоиз )-ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1446,4 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 191,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1004,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 5,5 фоиз ё 52,5 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда 441,9 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 53 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 42 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,7 фоиз ё 781,2 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,3 фоиз ё 223,7 млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ - июни соли 2018 нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 28 фоиз ва воридот бошад, 72 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 341,1 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 100,8 млн. долларро ташкил додааст.

Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017 бо мамлакатҳои ИДМ 4,5 фоиз ё 33,9 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 9,1 фоиз ё 18,6 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 содироти мол 281,4 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 22 фоиз ё 50,7 млн. доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 723,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 0,2 фоиз ё 1,8 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 15,7 фоиз ё 0,4 млн. доллар кам шудааст.

Айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2017 содироти маҳсулоти маъданӣ 10,4 фоиз ё 19,6 млн. доллар зиёд, нахи пахта бошад 4,9 баробар ё 24,1 млн. доллар зиёд шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 15,3 фоиз ё 4,6 млн. доллар зиёд, чӯб ва маҳсулот аз он 1,3 фоиз ё 0,7 млн. доллар зиёд, воридоти гандум бошад 7,2 фоиз ё 6,6 млн. доллар, орд 43 фоиз ё 3,4 млн. доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии содиротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 55,7 фоиз, Ӯзбекистон – 15,9, Чин – 5,3, Туркия – 5, Нидерланд – 5, Руссия – 4,7, Италия – 3,1, Эрон – 1,4 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон – 36,7 фоиз, аз Русия – 31,5 фоиз, Чин – 13,1, Қирғизистон – 3,3, Литва - 3 фоиз, Ӯзбекистон – 2,9, Туркия – 1,4 , Беларус – 1,1 фоиз.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - июни соли 2018 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1825,7 ҳазор доллар ё 1991,5 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1204,8 ҳазор доллар ё 1922,2 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ - майи соли 2018-ум 403,3 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 255 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 148,3 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 июни соли 2018-ум 10,4 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 51 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,3 фоизи шумораи қувваи кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – майи соли 2018-ум 1029,59 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 июни соли 2018-ум 10099,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2018-ум 672,8 ҳазор сомонӣ ё 6,7 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 8133,1 ҳазор сомонӣ (80,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ – 1543,7 ҳазор сомонӣ (15,3 фоиз) ва дар саноати коркард – 118,6 ҳазор сомонӣ (1,2 фоиз)-ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,4 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 101,8 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 104,7 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 индекси нархҳои истеъмолӣ 1,5 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,3 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,9 фоиз буд).

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум дар вилоят 1,5 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар арзон шудаанд: сабзӣ – 2 баробар, лимӯ – 52, нок – 43,9, ангур – 42,8, себ – 34,6, яхмос – 21,2, карам – 18,8, харбуза – 17,1, фанта дар бутилкаҳои пластикӣ – 11,5, бодинҷон – 10,8, оби мадани бегаз – 10,7, маргарин – 9,7 ва тарбуз – 8,8 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нархҳои бодиринг – 1,7 баробар, бехпиёз – 58,1 фоиз, картошка – 53,4, помидор – 52,9, сирпиёз (чеснок) – 34,2, ярмаи марҷумак – 30,4, банан – 21,6, мавиз – 18,9, ярмаи ҷави луч – 17,1, тухм – 12,7, нахӯд – 10,4, ярмаи дили гандум – 10,3, лӯбиё – 7,6 ва орди навъи 1-ум – 4,6 фоиз қиммат шудааст.

Инчунин аз аввали соли равон нархи молҳои ғайриозуқаи зерин: майкаи мардона – 26,2 фоиз, футболкаи бачагона – 25,9, гулҳои зинда – 25,2, гази моеъ – 4,8, майкаи бачагона – 22, пойафзоли варзишии мардона – 21,4, газвори абрешимӣ – 20,6, газвори пахтагин – 20,3, босоножкаи мардона – 17,8, тағораи сирдор – 17,2, босоножка барои писарбачаҳо – 15,4, туфлии духтарона – 13,3, шим барои кӯдакон – 12,9, бензин АИ-92 – 12,3, шими мардона – 6,9, курсии нарм – 6, куртаи писарбачаҳо – 4,8 ва костюми бачагона – 4,7 фоиз қимат шудаанд. Зимнан дар ҳамин давра нархи ангишт – 23,5 фоиз, хокаи ҷомашӯи – 23,2, ҷорӯби хонарӯбӣ – 19,6, плитаи керамикӣ – 18,4, гаҷ (алебастр) – 13, хӯроки ҳайвоноти хонагӣ – 10,1, зардевори шусташаванда – 10 ва шифер – 5,4 фоиз арзон гардид.

Аз аввали сол нарху тарофаи хизматрасонии пулакии зерин: нақлиёти ҳавоӣ – 25,8 фоиз, хизмати лабораторияҳои тиббӣ – 26,9, дӯхти маснуоти дӯзандагии шахсӣ – 18,2, хизмати беморхона – 17,5, пардохти оби хунук ва канализатсия – 15,1, пардохти пули партов – 10,6, арзиши роҳхатҳо барои истироҳат – 10,3 ва хизмати техникӣ ва таъмири воситаҳои нақ-лиёти шахсӣ – 9,4 фоиз қиммат гардиданд. Зимнан, дар ҳамин давра нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 32 фоиз арзон шуд.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ - майи соли 2018 (аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ - майи соли 2018-ум 5803 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - майи соли 2017-ум 39,1 фоиз зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 19,8 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 10,4 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ - майи соли 2018-ум 4700 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - майи соли 2017-ум 0,2 фоиз зиёд аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 299,9 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ - июни соли 2018 бо назардошти бақияи аввали сол (1 млн. сомонӣ) 298,1 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 1 июли соли 2018-ум 218660 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

Add comment


Security code
Refresh