Оғози мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ

12 июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи шаҳраки Бӯстон – деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ оғоз бахшида шуд.

Роҳи мошингарди Бӯстон - Азизобод, ки ба таъмири куллӣ ниёз дошт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҷдид хоҳад шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ширкати роҳсозии «Тоҷроуд» мебошад. Тибқи иттилои масъулин беш аз 3 км роҳи Бӯстон – Азизобод бо паҳноии 7 метр пурра мумфарш карда мешавад.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бунёд гардида, ҷумҳурии азизамон аз бунбасти комуникатсионӣ бароварда шуд. Раҷаббой Аҳмадзода инчунин афзуд, ки дар доираи омодагиҳо ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳолати роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят боз ҳам беҳтар карда мешавад. Дар ин раванд Раиси вилоят аз соҳибкорону саховатмандон даъват намуд, ки бо иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ барои ободии маҳалли худ саҳм гузоранд. Зимни суҳбат аз иқдоми сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Саидмурод Саидов, ки аз ҳисоби худ роҳи деҳаашро таъмир намудааст, хуш истиқбол карда шуд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо рафти бунёди кӯдакистони хусусӣ бо 160 ҷой ва маркази фарҳангӣ- фароғатии «Бӯстон» шинос гардид. Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, соҳибкор Сафия Ҳасанова бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ ду иншооти иҷтимоиро бунёд намояд.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкорро қобили ситоиш унвон карда, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор додани иншооти сохташаванда маслиҳатҳои муфид дод.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази ноҳияи Мастчоҳ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ якҷоя бо мутахассисон мавзеъ барои бунёди майдони Парчамро интихоб намуда, барои омода намудани лоиҳаи он масъулинро вазифадор кард. Тавре иттилоъ дода шуд, Парчами давлатӣ дар назди бинои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон дар сутунпояи баландиаш 50 метр парафшон карда  хоҳад шуд.

Ҷараёни сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» низ мавриди таваҷҷуҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Толори варзишии мазкур барои 400 нафар сохта мешавад ва интизор меравад, ки бо бунёди ин иншооти муҳими варзишӣ шумораи варзишгарон бештар гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh