Бозори бузурги «Водии имкониятҳо»

Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд - 2018” байни ширкатҳо ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ зиёда аз 30 шартнома ва меморандуми ҳамкорӣ баста шуданд

Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 6-7-уми июл ба як бозори бузург шабоҳат дошт, ки харидорону фурӯшандагон, истеҳсолкунандагону истеъмолгаронро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои наздику дур дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд 2018» гирди ҳам оварда буд. Дар растаҳои барҳавои он маҳсули дасти ҳунармандони халқӣ, хӯрокворию консерв, хушкмева, маҳсулоти саноати бофандагӣ, сохтмон, нӯшокиҳо, гӯштию ширӣ, меваю сабзавоти тару тоза ва ғайраро гузошта буданд. Иштироккунандагон имкон доштанд, ки бо фаъолияти ширкатҳои хориҷию ватанӣ аз наздик шинос шаванд, молу маҳсулот харидорӣ кунанд, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Муҳимтарин масъалаҳо дар ҷаласаҳои алоҳида мавриди муҳокима ва мубоҳисаи иштирокчиёни Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд-2018» қарор мегирифтанд. Масалан, дар муҳокимаи панелии «Иқтидори Осиёи Марказӣ – дурнамои дастрасии меваю сабзавот ба бозорҳои нав: тамоюл ва имкониятҳо» иштирокдорон хеле фаъол буданд, зеро талабот ба меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти болаззати Тоҷикистон дар бозорҳои Қазоқистону Россия торафт зиёд мешавад ва содироткунандагонро зарур аст, ки ба сифати маҳсулот ва хусусан, бастабандии он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода зимни маърӯзааш дар мавзӯи «Иқтидори содиротии меваю сабзавот» гуфт:

– Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози кишоварзӣ ва саноатӣ рушдёфтаи Тоҷикистон аст. Соли 2016 барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул гардид.

Ҳадафи асосии ин барнома мусоидат ба татбиқи сиёсати берунии иқтисодии давлат ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ғайри ашёи хом ва кам кардани ҳиссаи молу хизматрасониҳои истеъмолӣ дар ҳаҷми умумии воридот мебошад. Дар натиҷаи ислоҳоти дар ҷумҳурӣ гузаронида миқдори хоҷагиҳои кишоварзӣ дар вилоят аз 68 ҳазор гузашт. Соли 2017 майдони умумии кишти сабзавот 16117 гектар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 437,7 ҳазор тонна буд, ки беш аз 53,7 ҳазор тоннаи он бо маблағи умумии 2,5 миллион доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шуд. Мо бовар дорем, ки татбиқи ин барномаи давлатӣ ва ташкили вохӯриҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо бо харидорон ба вусъати минбаъдаи имкониятҳои содиротии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд мусоидат мекунад.

Баҳсҳо дар ҷаласаи панелии «Туризми вилояти Суғд – иқтидор ва нуқтаи рушд» ҳам муфид ва ҷолиб буданд, зеро имсол дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳим рӯз то рӯз меафзояд.

Дар ҷаласа директори иӣроияи Ассотсиатсияи рушди туризми “Зарафшон” Ӣамшед Юсуфов чунин иброз дошт: Ярмарка соли панҷум аст, ки баргузор мегардад ва натанҳо ба рушди кишоварзӣ, инчунин ба муаррифии имкониятҳои соҳаҳои дигар, аз ҷумла, сайёҳӣ низ мусоидат мекунад. Дар Тоҷикистон имкониятҳои рушди сайёҳӣ хеле зиёд мебошанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо даромади калон меоварад.

Боиси хушнудист, ки ҷавонони суғдӣ бо дили пур ва лоиҳаҳои ҷасурона ба соҳибкорӣ ворид мешаванд. Дар яке аз майдонҳои намоишии Ярмарка, ки «Start Up – Чойхона V» ном дошт, ҷавонон чандин лоиҳаҳои бизнеси худро муаррифӣ карданд, ки аз ҷониби коршиносони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд. Умед аст, ки дар ярмаркаҳои оянда шоҳиди комёбиҳои ҷавонони соҳибкор хоҳем шуд.

«Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»: масъалаҳои муҳимтарини рушд» – чунин ном дошт яке аз ҷаласаҳои панелӣ. Дар ҷаласа зикр шуд, ки МОИ «Суғд» дар ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо буда, барои ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони дохилию хориҷӣ имконият ва шароити мусоид дорад.

Мувофиқи анъана баъди шиносоӣ бо молу маҳсулоти ба намоиш гузошта озмуни «Маҳсулоти беҳтарини сол» ҷамъбаст шуд. Дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд–2018» як қатор корхонаҳо ва ширкатҳои фаъоли ватаниву хориҷӣ аз қабили ҶДММ «Saxovat broller», UzKoreaTrade LTD, ҶДММ “Martash spes adejda», ҶДММ “Toremed farm», ҶДММ “Jasmin cosmetics”, ҶДММ “Xon-Qizi”, ҶДММ “Euro print Kokand”, “Ал-нур инвест” ва дигарон бо сертификат тақдиронида шуданд. Ҷойҳои намоёнро ширкатҳои «Артуч», «Қолинҳои Қайроққум», «Темуриён», «Суғд-аквапласт», «Арча-мебел», «Зарафшон», Маркази савдои «Баҳор», «Нур-панел» соҳиб ва сазовори диплом гардиданд.

Ҳамчунин дар натиҷа байни ширкатҳо ва соҳибкорони дохилию хориҷии иштирокдори Ярмарка зиёда аз 30 шартнома ва меморандуми ҳамкорӣ баста шуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар ЯъҐубқ зимни суханрониаш дар ҷамъбасти Ярмарка чунин изҳор дошт:

– Дар Шарқ аз қадимулайём ду нафар шарту байъи савдо карда, даст ба дасти ҳам медоданд, ки ин шартнома ба ҳисоб мерафт. Тадриҷан ин шартномаҳо бо қалам дар коғаз сабт мешуданд, ки санади ҳуқуқӣ мебошанд. Ман бисёр хурсандам, ки дар Ярмаркаи панҷуми байналмилалии Суғд беш аз 300 меҳмон аз кишварҳои дӯст ташриф оварданд. Имсол ҳайати Ӯзбекистон хеле бонуфуз буд, ки нуқтаи авҷи ҳамкориҳоямонро нишон медиҳад. Иқтисодҳои мо ба ҳам хеле наздиканд ва баъзе коршиносон мегуфтанд, ки дар сурати боз шудани марзҳо молу маҳсулоти кишвари ҳамсоя бозорҳои моро пур мекунанду маҳсулоти ватанӣ аз фурӯш мемонад. Ин тавр нашуд, сиёсати дарҳои кушод рақобати солимро ба вуҷуд овард ва соҳибкорони мо ҳам молҳои рақобатпазире истеҳсол мекунанд, ки дар хориҷ ҳам талабот ба онҳо зиёд аст.

 Бисёр фараҳбахш аст, ки шарикони рушди мо аз Кореяи Ҷанубӣ, Македония ҳам ба Ярмарка ташриф оварданд ва тавре худашон гуфтанд, Хуҷанд, вилояти Суғд ба онҳо хеле писанд омадааст. Муҳимтар аз ҳама, гуфтанӣ ҳастам, ки инкишоф бе дарҳои кушод мумкин нест, чӣ тавре ки пешрафту дӯстӣ бе дилҳои кушоду бе боварӣ ба ҳамдигар имконпазир нестанд. Боварӣ барои бизнес ва пешрафт хеле муҳим аст. Агар боварӣ набошад, сармоягузорӣ ҳам намешавад. ҳамин боварии мо ба ҳамдигар буд, ки мо дар ин Ярмарка ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудем.

Мо ба дӯстони анъанавиамон аз Федератсияи Россия, ки аз соли 2014 ҳамроҳи мо ҳастанд, ба намояндагони доираҳои соҳибкории ин кишвар, ки бо мо чанд созишнома ба имзо расониданд, арзи сипос мекунем. Албатта, сармоягузории онҳо ба рушди шаҳри Хуҷанд ва вилоят мусоидат хоҳад кард.

Бешубҳа, ин Ярмарка майдони хуби савдо аст. Ширкатҳои истеҳсолии маҳсулоти бофандагӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобил, саноати кимиё ва дигар соҳаҳои иқтисоди мо маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Мо бовар дорем, ки шарикони боэътимод пайдо мекунем. Инчунин, мо ширкатҳое дорем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолоти муштарак ташкил карданӣ ҳастанд, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳию фарҳангии кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард.

Гулҷаҳон Турсунзода,
Улуғбек Худойбердиев,
Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh