Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони  доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россияро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” ба вилояти Суғд омада буданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, гардиши молу маҳсулот, робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои дӯст ва шарикони стратегӣ – Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣнамуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардида, дастовардҳо сол ба сол бештар гардида истодааст. Таъкид гардид, ки Федератсияи Россия барои Тоҷикистон шарики боэътимод маҳсуб меёбад ва ҳамкориҳои дуҷониба беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбанд.

Ҳайати меҳмонон ва доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018” изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар рафти мулоқот аз ҷониби меҳмонон барои барқароркунии хатҳои нақлиёти барқӣ – троллейбусҳо дар шаҳри Хуҷанд ва истифодаи технологияҳои нав дар самти коркарди меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон пешниҳодҳои ҷолиб ироа шуд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки пешниҳодот мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар оянда ҳамкориҳо таҳким меёбанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон зимни суҳбат муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, барои мустаҳкам намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh