Ярмарка: Нишонаи устувори амнияти озуқаворӣ ва вусъати ҳамкорӣ

Рӯзҳои 6-7 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш» - и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2018» баргузор гардид, ки ин рӯйдодро метавон воқеаи муҳим дар самти рушди иқтисоди минтақавӣ арзёбӣ кард. Боиси зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мекунад.

Исботи ин гуфтаҳо баргузор шудани Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2018» мебошад, ки дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

Баргузории ин ярмарка ба ҳукми анъана даромада, дар доираи барномаи он Форуми озуқаворӣ ва технологияҳо доир шуд, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла изҳор намуд, ки хушбахтона, сол аз сол сафи меҳмонони хориҷӣ дар ярмарка зиёд гашта, имсол низ 320 нафар намоянда аз кишварҳои хориҷи мамлакат дар ин ҳамоиши бонуфуз ҳузур доранд. Раиси вилоят аз он ёдовар шуд, ки замонҳои пеш ки аз Суғди бостон Роҳи бузурги Абрешим мегузашт. Сокинони вилоят бо меҳнатдӯстӣ, меҳмоннавозӣ, дорои санъати баланду таърихӣ машҳур гашта, кишвари мо бо меваҳои ширину шакарбор ва обҳои тозаи ошомидании табиӣ, водиҳо ва кӯҳҳои баланду барфпӯшаш дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Соли 2017 дар вилоят ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ беш аз 1 миллиард долларро ташкил дода, алҳол зиёда аз 66 ҳазор хоҷагии деҳқониву инфиродӣ ва оилавӣ фаъолият мебаранд, – изҳор дошт Раиси вилоят.

Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар он намояндагони доираҳои тиҷоратии давлати Русия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.

Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Ключарев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Менглиев, намояндаи Фонди Оғохон дар ҷумҳурӣ, директори генералии ширкати мобилии «Индиго Тселл Тоҷикистон» Озодхон Давлатшоев, ширкаткунандагон аз созмони аврупоӣ дар Тоҷикистон Зулфия Давлатбекова, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Эдвард Сафарян дар ин чорабинии ҳадафманд суханронӣ карданд.

Дар Ярмарка, ки таҳти шиори «Суғд: водии имкониятҳо» сурат гирифт, корхонаву муассисаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони коргоҳҳои азими соҳаҳои мухталифи саноатӣ аз саросари Тоҷикистон, ширкату муассисаҳо, бонкҳо, доираҳои соҳибкории давлатҳои Федератсияи Русия, Белорус, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар ҳақиқат, даҳҳо корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, намояндагони коргоҳҳои азими саноатӣ натанҳо аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, балки аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародар фаъолона иштирок ва маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки Ярмаркаи байналхалқӣ соли панҷум аст бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва шарикони рушд ташкил карда мешавад. Мақсад аз ташкили Ярмаркаи байналхалқии савдо мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои иқтисодӣ байни ҷомеаи соҳибкорони вилоят ва дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ, нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилоят ва табодули таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздик аст.

Баргузор шудани Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд–2018» нишонаи устувор будани иқтисодиёт дар кишвар буда, соҳибкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаш ва ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои хориҷӣ қавитар гардонанд.

Инчунин, дар рӯзҳои баргузории Ярмарка Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Нерӯи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер - классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо доир гардида, як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ҳамзамон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз Ярмарка маҳсулот ва лавозимоти хушсифату беҳтаринро барои манзил ва корхонаҳои худ дархост ва харидорӣ намуданд.

Гузориши муфассалро аз ҷараёни баргузории Ярмарка дар шумораҳои оянда мутолиа хоҳед кард.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
Шаҳноза Ҳомидова,
Улуғбек Худойбердиев,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh