Боздиди Раиси вилоят аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва МОИ "Суғд"

5 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардид.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ин боргоҳи маърифат бунёди якчанд иншооти муҳим ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша дар заминаи иншооти сохтмонашон нотамоми донишгоҳ толори варзишӣ, ошхона ва маҷлисгоҳи замонавӣ бунёд хоҳад шуд.

Дар аснои шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти зикршуда Раиси вилоят тавсия дод, ки маҷлисгоҳи сохташаванда бо 1000 ҷой бунёд карда шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ошёнаи дуюми бинои ошхона ташкили синфхонаҳои компютерӣ ва марказҳои тестӣ ба манфиати кор мебошад.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо нақшаи сохтмони бинои истиқоматии 10 ошёна барои кормандону устодони донишгоҳ ва як хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён шинос шуда, масъулинро вазифадор намуд, ки лоиҳаи иншооти сохташавандаро ба таври замонавӣ омода созанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб рафта, дар тӯли 25 соли фаъолият дар инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши назаррас гузоштааст.  Дар шаш факултети донишгоҳ имрӯзҳо  наздик ба 6000 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, васлу насби техникаву таҷҳизот дар бархе аз корхонаҳои бунёдшаванда шинос шуд. Боздиди кории Раиси вилоят бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба вилояти Суғд баён шуда буд, сурат гирифт.  Сарвари давлат зимни мулоқот бо фаъолони вилоят изҳор дошта буданд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содироти минтақаи озоди иқтисодӣ 80 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Дастур дода шуда буд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ, фаъолияти самараноки минтақа тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави саноатӣ фаъол гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёбад. Раиси вилоят зимни боздид бо рафти сохтмон ва васлу насби таҷҳизот дар ҶСК “КМС шаҳри Хуҷанд”, корхонаи коркарди санг ва ҶДММ “Азияполитекс” ошно шуда, дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ бештар таваҷҷуҳ равона гардад.

Бояд гуфт, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” феълан 24 корхона ба қайд гирифта шудааст. Дар соли гузашта маҳсулоти итеҳсолнамудаи корхонаҳои ин минтақа ба кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркманистон содирот  шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh