Саноат: Вазъият то кай ташвишовар боқӣ мемонад!

Соҳаи саноати кишвар ва рушду такомули он дар ҳар давру замон дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намоянд.

Ин буд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баробари пешбурди соҳоти мухталиф, хосатан ба саноат, ки соҳаи афзалиятнок маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар доираи нақшаи корӣ ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирад. Дар ҷараёни ин сафарҳо ба роҳбарияти шаҳру навоҳӣ, сардорони сарраёсату раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ баҳри ба кор андохтани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда, бештар намудани ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардондани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо вазифагузориҳо мешаванд.

Аз ин лиҳоз, салоҳ донистем, ки супоришҳои додашуда оид ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ дар кадом сатҳ иҷро мешаванд, огаҳӣ пайдо намоем.

Дар “ВТ-СИЛК” чӣ гап?

Дар раванди омӯзиши фаъолияти ҶДММ Корхонаи муштараки «ВТ-Силк» маълум гардид, ки шакли моликияти он 60 фоизи саҳмияҳо ба корпоратсияи Вйетнам «Азия-Силк» ва 40 фоизаш ба ҶС «Абрешим» тааллуқ дорад. Роҳбарии корхонаро ҷаноби Хоанг Ван Хиеп ба уҳда дошта, масоҳати умумии коргоҳ 3,95 гектарро ташкил медиҳад.

Дар назди КМ «ВТ-Силк» Маркази таълимӣ - истеҳсолии «Вет-тоҷ» бо мақсади тараққӣ бахшидани соҳаи бофандагӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби КМ «ВТ-Силк» бинои алоҳида ҷудо шуда, дар он 15 дастгоҳи бофандагии дастӣ, 2 деги рангуборкунӣ, 1 дастгоҳи нақшбандӣ ва 1 дастгоҳи ресандагӣ васлу насб гардидааст.

Аз даври таъсисёбии Маркази таълимӣ - истеҳолӣ то имрӯз зиёда аз 300 метр матои гуногун истеҳсол карда шудааст: беқасаб, буғма, пошшои зангор, алоча, пошшои сурх, карбос, зирагӣ, кӯкқарға, адраси сурх ва атласи сурх мебошад. Матоъҳои истеҳсолшуда ҳоло ба содирот бароварда нашудааст. Дар ин ҷо матоъҳои пахтагӣ низ истеҳсол мешавад, ки арзиши метри он аз 9 то 80 сомонӣ аст.

Ба суоли дар хусуси чаро имрӯз коргоҳ аз фаъолият бозмондааст, масъулин изҳор доштанд, ки бо сабаби набудани ашёи хом (пилла) боздошта шудаасту шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди корхона барои солҳои гузашта ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

-Бо мақсади рушди минбаъдаи коргоҳ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, истифодаи ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода таҳти назорати доимӣ қарор дорад, - мегӯяд намояндаи коргоҳ...

“Пойафзолдӯзи Хуҷанд” чӣ ҳол дорад?

Зимни шиносоӣ аз ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” маълум гардид, ки коргоҳи номбурда ба қисматҳои хурд ҷудо ва бино ба гуфти масъули коргоҳ аз сабаби набудани харидор ва қарздор будани коргоҳ аз шабакаҳои Барқии шаҳри Хуҷанд фаъолият боздошт шудааст. Муайян гардид, ки қарз дар назди шабакаҳои барқӣ дар маҷмӯъ 4314 сомонӣ мебошад. Роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” изҳор доштанд, ки оянда нақша доранд, сехи истеҳсоли кафши занонаи “Иринка”-ро ба роҳ монанд. Инчунин сехи истеҳсоли пойафзол барои мактаббачагон (намунаҳои он моҳи май тайёр мешавад) ва сипас то оғози соли таҳсили нав ба роҳ монда шуда, дар ин сурат 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар як моҳ баъди барқароршавӣ дар фабрика то 800 ҷуфт пойафзол истеҳсол мешавад.

Бояд қайд намуд, ки роҳбари коргоҳи мазкур А.Пӯлодов ҳангоми омаданамон дар ҷои кораш ҳузур надошт. Бинобар ин эҳсос гардид, ки иҷрои нақшаи пешниҳодшудаи роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” оид ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзол бо муаммоҳои зиёд алоқаманд аст. Яъне, пеш аз ҳама ин бемасъулиятии роҳбарияти коргоҳ то ҳол барқарор накардани интиқоли қувваи барқ ва пардохти қарзҳои ҷойдошта ҳисоб меёфтааст. А.Пӯлодов ҳангоми боздиди Раиси вилоят аз ин истеҳсолот вазифадор шуда буд, ки даромадгоҳи коргоҳро асфалтпӯш намояд. Ин кор афсӯс, то ҳол ба иҷро нарасидааст. Оё ин хунукназарӣ дар иҷрои супориш нестҳ

Ба “Зиннат” баҳона намезебад!

Дар моҳҳои январ-марти соли равон нишондиҳандаҳои иқтисодии ҶДММ “Зиннат” 170 ҳазор сомонӣ ва шумораи коргарон 210 нафар мебошад. Алҳол кормандони маошгиранда 20 нафар буда, музди меҳнати онҳо ба 800 сомонӣ баробар аст. Ба ин васила роҳбарияти корхона вазифадор гардид, ки иқтидори истеҳсолии бекорхобидаро самаранок истифода барад. Зеро ин иқтидор имконият медиҳад истеҳсоли либосҳои махсуси агентии таъиноти махсус ва мактабиро бо нархи дастрас ва нисбатан аз бозор пасттарро ба роҳ монад. Дар корхона маҳсулоти намунавӣ - либосҳои мактабӣ ба мизоҷон пешниҳод шудааст. Бино ба гуфти масъулин мушкилоти асосии корхона иборат аз набудани фармоиш ба истеҳсоли чунин маҳсулот мебошад. Дар ҳолати таъмини фармоиш корхона омодааст ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ муваффақ шавад. Дар ин самт айни ҳол мулоқот бо роҳбарони корхонаҳо идома дорад. Раиси вилоят масъулини ин корхонаро вазифадор кард, ки дӯхтани либосҳои мактабиро танҳо аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ ба роҳ монад. Роҳбари коргоҳ бобати ба роҳ мондани дӯхтани маҳсулоти чармӣ бо ҷалби мутахассисон аз кишвари Покистон гуфтугузор намудааст ва рӯзҳои наздик 40 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

“Нассоҷи Хуҷанд” роҳи ҳалли муаммо меҷӯяд

Ҳангоми суҳбат бо директори ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” Р.Набиев маълум гардид, пас аз ташрифи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ду коргоҳи истеҳсолоти бофандагӣ пурра ба кор андохта шудааст. Маҳсулот асосан барои матоъҳои сохторхои қудратӣ истеҳсол мешавад.

Солҳои қабл ашёи хом аз Федератсияи Русия дастрас мегардид, лекин аз ҷониби масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ барои сифати он эрод зиёд шуд. Бинобар ин алҳол ба гарон будани матоъ нигоҳ накарда, бо ҷумҳурии Белорус барои харидории ашёи хом шартнома баста шуд, ки он асосан барои либосҳои мактабии хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Дар бобати супориши Раиси вилоят оид ба ҳамкорӣ бо макотиби шаҳру навоҳии вилоят барои дӯхтани либоси мактабӣ ва бастани шартнома пурсон шудем. Масъулин аз сарварони бархе аз мактабҳо бобати суст ҷараён доштани пардохти маблағ изҳори нигаронӣ намуданд.

Маблағи либосҳои мактабии солҳои гузаштаро насупоридаанд. Масалан, соли 2016 бо намояндагони маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шартнома доштем. Моҳи сентябр ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ либоси мактабии хонандагон дастрас шуд. Соли дуюм аст, ки танҳо 65 - 70 ҳазор сомониашро пардохтаанду халос. Дар баробари ин барои камбизоатон аз ҳисоби коргоҳ ройгон либос дӯхтем. Аз ин сабаб имсол агар аз ҳисоби умумӣ то 50 фоизи маблағ пешпардохт нагардад, шартнома нахоҳем баст.

Сабаби сари вақт пардохт накардани музди маоши кормандонро роҳбари коргоҳи мазкур дар қарздор будани соҳаҳои буҷавӣ ва бо маблағи нақд овардани ашёи хом маънидод кард.

- Раиси вилоят доир ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ барои бачагон ба роҳбарияти коргоҳ дастури қатъӣ дода буд. Дар ин ҷода ба унвони ҷаноби Эмилио Каррера мактуб ирсол намуда, дар сурати розигию гуфтушунидҳои тарафайн то охири сол ин сех ба фаъолият оғоз хоҳад кард,-қайд намуд Р.Набиев.

 Қарзи дебитории корхона аз тарафи Раёсати комбинати дӯзандагӣ-истеҳсолии амволи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) ба 575180,31 сомонӣ баробар аст. Оид ба баргардонидани ин қарз роҳбарияти корхона ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати комбинати дӯзандагӣ-истеҳсолии амволи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Бино ба гуфти роҳбари ин коргоҳ фаъолияти корхона баъд аз рӯйпӯш шудани қарзи дебитории ба миён омада то андозае имкон дорад, ки бо эътидол ба роҳ монда шавад.

“Ресандаи Тоҷик” тақдири коргарон чӣ мешавад

Чун ба коргоҳи ҶСП “Ресандаи тоҷик” ҳозир шудем, дари он баста буд. Намояндаи коргоҳ изҳор дошт, ки аз сабаби доштани қарз аз андоз дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ ва пардохти маблағи истифодаи барқ ба андозаи 840 ҳазор сомонӣ аз интиқоли қувваи барқ маҳрум карда шуда, баробари ин аз тарафи Раёсати андози вилояти Суғд муҳр зада шудааст. Аз суҳбати телефонии роҳбарияти ин коргоҳ Т.Мамадҷонов бармеояд, ки пардохти маҳсулоти фурӯхташуда аз тарафи харидорони мамлакати Туркия дар ҳаҷми 200 ҳазор доллари ИМА то ҳол пардохт нашудааст. Бинобар ин фаъолият баъд аз пардохт намудани қарзҳои ба миён омада ба роҳ монда мешавад.

Ин коргоҳ минбаъд фаъолият мекунад ё не чун суоли рӯз боқӣ мемонад. Суоли матраҳ ин аст, ки тақдири беш аз 100 корманди он чӣ мешуда бошад!

“Нику Хуҷанд” қарз барака намеорад!

Ҳамчунин, пас аз ду моҳи ташрифи Раиси вилоят ба коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нику Хуҷанд”, ки муваққатан роҳбарии онро Зокир Каримов ба уҳда дорад, аз вазъи коргоҳ дидан намудем. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин коргоҳи ресандагӣ соли 2009 бо иқтидори 1500-2500 тонна дар як сол мавриди истифода қарор гирифта, асосан маҳсулоташ истеҳсоли риштаи пахтагӣ мебошад.

З.Каримов вазъи иқтисодии ҶДММ “Нику Хуҷанд”-ро шарҳ дода афзуд, ки аз сабаби саривақт пардохт нагаштани маҳсулоти ба фурӯшрафта аз тарафи харидорони мамлакати Туркия коргоҳ фаъолияти худро давом дода наметавонад. Инчунин, аз рӯи маълумоти нозироти андози шаҳри Хуҷанд маълум гардид, ки бақияи андози коргоҳ дар назди буҷети давлатӣ 53296 сомониро ташкил дода, корхонаи мазкур аз истифодаи нерӯи барқ низ дар ҳаҷми 62173,08 сомонӣ қарз дошта, интиқоли қувваи барқ барои ин коргоҳ қатъ шудааст. Баробари ин дар назди коргоҳ харидорони мамлакати Туркия дар ҳаҷми 37 ҳазор доллари ИМА қарз доранд.

- Бояд қайд намуд, ки корхонаи мазкур барои коркарди нахи пахта дар нақшаи худ нархи 1 тонна нахи пахтаро 1200 доллари ИМА пешбинӣ кардааст, лекин айни ҳол нархи он ба 1600 доллари ИМА баробар шудааст. Бинобар ҳамин ҶДММ “Нику Хуҷанд” бо чунин нарх маҳсулот истеҳсол карда наметавонад, зеро нархи маҳсулоти истеҳсолмешуда баланд гардида, ба талаботи фармоишгарон ва харидорон мувофиқат намекунад,-мегӯяд намояндаи коргоҳ. Вазъ аён намуд, ки иҷрои вазифаҳои мушахасси гузоштаи роҳбарияти вилоят бобати ба кор андохтани коргоҳ ва ҷалби коргарон аз назари масъулин дур монда, ҳатто ҷиҳати ободониву тозагии гирду атроф, нав кардани шиору овезаҳо чорае андешида нашудааст! 

Саноати Исфара тадбире бояд биҷӯяд

Бино ба иттилои мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Некрӯз Отабеков дар шаҳри Исфара аз оғози сол 2 коргоҳи нав дар заминаи ҷамъиятҳои дорои масъулиташ маҳдуди “Субҳи Ватан” ва “Унистром” ба истифода дода шуданд, ки ба коркард ва банду басти меваи хушк ва истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ шурӯъ намуданд.

Ҳамзамон, аз натоиҷи таҳлили фаъолияти соҳаи саноати шаҳри Исфара бармеояд, ки вазъият ташвишовар буда, қисми зиёди корхонаҳо дар ҳолати хеле вазнини молиявию иқтисодӣ қарор доранд.

Роҳбарону мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии “Ангишт”, “Тамохуш-заводи гидрометаллургии Исфара”, “Комбинати консервабарорӣ”, “Нилуфар” ва “Чароғ”, ки дар назди буҷети давлатӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қарзҳои калон доранд, ҷиҳати халосӣ ёфтан аз ин вартаи мушкил чорае намеандешанд.

Дар бораи кадом натиҷаву пешравиҳои соҳа сухан рондан мумкин аст, вақте аз 47 корхонаи саноатии дар қайди омор буда, ба ғайр аз 5 корхонаи фаъолияти мавсимидошта, 9 корхона умуман фаъолият накарда, 5 корхона вусъати афзоишро нисбат ба семоҳаи аввали соли 2017 таъмин накардаастҳ

То ба кай мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҷиҳати таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба умеди 5-6 корхона аз қабили Заводи кимиёвӣ, «Петролеум Суғд», Заводи сементбарорӣ, Комбинати масолеҳи бинокорӣ, «Унистром», «Баракат Исфара», «Висол Исфара», «Адолат» ва «Чилфрукт» мешавадҳ

Тибқи “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин солҳо бояд то 50 фоиз афзоиш ёфта, ҳиссаи соҳаи саноат нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардад.

Мақсад аз ин таҳлил воқеият буда, то кадом андоза иҷро шудани вазифагузориҳо ва супоришҳои роҳбарияти вилоят мебошад. Аз ин лиҳоз месазад, ки масъулини соҳаи саноат, шуъбаи иқтисод ва савдо, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи давлатӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар ҳамкорӣ ба роҳбарону мутахассисони соҳа бояд ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷию дохилӣ истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазири содиротшаванда, таъсиси корхонаҳои нав бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Пешвои миллат ба таври ҳамешагӣ дар суханрониҳояшон таъкид медоранд: «Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад». Биноан ҳидоятҳои Роҳбари муаззами давлатамон барои ҳар як шахси масъулиятшинос, махсусан роҳбарони сохторҳои марбута бояд сармашқи кору меҳнат бошанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh