Дар маҷлисгоҳи хурди Сарраёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 12 - уми декабри соли равон дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» семинар - машварат доир гардид.
Дар ин чорабинии муҳим кормандони Сарраёсати молия, намояндаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ваколатдорони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Дар оғози семинар Мавҷуда Юсуфӣ - муовини сардори Сарраёсати молияи вилоят баромад карда, иштирокдорони машваратро бо рӯзномаи ин ҳамоиши ҷавобгӯи талаботи рӯз шинос намуд.
Аз ҷумла, ӯ иброз дошт, ки масъалаи пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосири мо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастуру супоришҳояшон дар раванди роҳ надодан ба коррупсия дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ гардонида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки ҳамаи идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои мухталиф, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот бояд ва ин амали зарурист, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.
Сипас, масъулони бахшҳои сохтори Сарраёсати молияи вилоят дар назди иштирокдорони семинар - машварат дар мавзӯъҳои умдаи пешгирӣ, роҳ надодан, аз байн бурдани ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, масъулияти шахсони мансабдор дар бобати решакан кардани ин падидаи нозарури ҳаёти ҷомеа баромад карда, бо факту далелҳои амиқ ин масоилро таҳлил намуданд.
Сармутахассиси Сарраёсати молия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Бахтовар Боймаҳмадзода маърӯзаи худро ба мавзӯи «Коррупсия - мафҳум, моҳият, омилҳо, оқибат ва заминаҳои аксуламал» бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки коррупсия, яъне ин амалу рафтори нораво дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисодиёти ҷомеа, беҳдошти иҷтимоӣ дар роҳи татбиқи бомуваффақияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад ва ҳаёти ҷомеаву ҳар шахс дар сатҳи паст қарор мегирад.
Ҳамчунин, маърӯзачӣ амалҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро ба таври мушаххас баррасӣ кард. Дар рафти семинар - машварат Саидалӣ Алиев - сармутахассис оид ба сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитии Сарраёсати молияи вилоят дар баромадаш зикр намуд, ки сатҳи корҳои тарғибу ташвиқ оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, фаҳмонидани моҳияти баҳисобгирии муҳосибӣ баланд бардошта, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.
Мавсуф изҳор кард, ки аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати молия ва зерсохторҳои он - раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, махсусан корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба стандарти аудит ва баҳисобгирии муҳосибӣ ба роҳ монда, тадбирҳои ҷиддӣ дар ин самт андешида мешаванд. Чунончӣ, бо фаъолияти Сарраёсат дар 132 субъекти хоҷагидорӣ барои муайян намудани вазъият, ҳолат ва воқеияти гузариш аз стандартҳои миллӣ ба байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ муоинаҳои методологӣ гузаронида шуданд. Дар ҳудуди вилоят бо иштироки намояндагони мақомоти андоз силсилаи тренингҳо доир мегарданд. Сардори шуъбаи буҷети мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Сарраёсати молия дар вилоят Камолиддин Баширзода дар маърӯзаи худ ба масъалаҳои музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, мансабдорони маъмурии хизмати давлатӣ ва тартибу низоми ҳисоб кардани музди меҳнати онҳо диққат дода, ҳозирини семинар - машваратро аз пеш бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва шаффофияти фаъолият дар ин самт ошно намуд.
Муовини раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Музаффарҷон Бобоҷонов доир ба самтҳои пешгирии коррупсия, баланд бардоштани донишу малакаи ҳуқуқии шаҳрвандон, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи насли ҷавон, масъулияти вазифаҳои бар дӯш доштаи шахсони мансабдор ҳарф зад. Мавсуф аз ҷумла, таъкид намуд, ки фаъолияти мушаххас, вусъати амалҳои амиқи комиссияи ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар замони муосир баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва умуман коррупсия шарт ва зарур мебошад.
Ҳамин тариқ, мазмун ва муҳтавои семинар - машварат тақозои онро дошт, ки дар даврони бисту ҳафт соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати молиявӣ ва муътадил кору пайкор бурдани кормандони соҳаи молия ин омил, асос дар пешрафти давлат барҷаста намоён гардидааст. Аз ин лиҳоз, ки молия, маблағ ва истифодаи шаффофияти баҳисобгирӣ, сарфа ва харҷи он тақвиятбахши давлату ҷомеа шинохта мешавад, аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳ надодан ба коррупсия вазифаи ҳар мутахассис, шахсони масъули вазифадор ва сохторҳои марбутаи Сарраёсати молия дар вилоят мебошад.
Семинар - машварат ниҳоят бо саволу ҷавоби ҳадафмандона анҷом пазируфт.
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»