Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят

Рӯзи 19 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо вазъи кунунии ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд”, корхонаи дӯзандагии “Зиннат” ва Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” аз наздик шинос шуд.

ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” дар гузашта яке аз корхонаҳои маъруф маҳсуб меёфт ва дар он пӯст то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расонида шуда, чарм ва пойафзол истеҳсол мегардид. Вале бо сабабҳои гуногун корхонаи мазкур имрӯзҳо фаъолият надорад. Дар аснои шиносоӣ Раиси вилоят аз фаъолияти пурсамари корхона дар гузаштаи на чандон дур ёдовар шуда, дар назди роҳбарияти ҶДММ “Пойафзолдӯзи Хуҷанд” вазифа гузошт, ки корхонаро дар муҳлатҳои кутоҳтарин дубора фаъол намояд. Таъкид гардид, ки бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар марҳилаи аввал бояд то 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ба Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” ташриф овард. Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” соли 2014 дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Зиннат” бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ ифтитоҳ гардида буд. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо фаъолияти марказ ба масъулин ҷиҳати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҷалби бештари занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз корхонаи дӯзандагии “Зиннат” дидан кард ва барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва теъдоди коргарон тавсияҳои муфид дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳаи саноат аз коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh