Имзои беш аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ

Чунонки иттилоъ дода будем, 13-14 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, веқеъ дар шаҳри Гулистон Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ баргузор гардид. Мақсад аз ташкили чорабинӣ пеш аз ҳама дарёфти шарикон, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои иқтисодӣ, дарёфти бозор дар кишварҳои дуру наздик ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ буда, дар натиҷаи он соҳибкорони мо бо дигар истеҳсолкунандагон робитаҳоро ба роҳ мемонанд.

Ин васила имкон медиҳад, ки онҳо роҳҳои васеъ намудани фаъолияти худро дарёбанд.

Дар анҷоми Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ маросими баимзорасии шартномаҳо ва меморандуми ҳамкорӣ барпо гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҳуҷҷатҳои заруриро кормандон ва масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд омода ва пешниҳод намуданд. Бори нахуст миёни Палатаи савдо ва саноати вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон ва вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, дар анҷуман бештар аз 40 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла 17 меморандум бо Федератсияи Россия, 12 меморандум бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, 6 меморандум миёни Палатаҳои савдо ва саноат, шартномаҳои ҳамкорӣ байни намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ба имзо расиданд.

Дар хотима муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ аз натиҷаи кори дурӯзаи Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки баргузории он дар рушди муносибатҳои кишварҳои иштироккунанда ва табодули таҷрибаи доираҳои тиҷоратӣ таъсири амиқ мерасонад. Анвар Яъқубӣ бо боварӣ зикр намуд, ки иштирокдорони ин Анҷуман дар дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар вилояти Суғд минбаъд ба нақша гирифта шудаанд, иштирок мекунанд ва шарикони худро дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ пайдо хоҳанд намуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh