Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов

Рӯзи 12 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо мақсади иштирок дар  Анҷумани III минтақавӣ оид ба шартномабандӣ ба вилоят ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои мавҷудаи вилояти Суғд маълумот дод. Қайд гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фарох дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ буда, густариши ҳамкориҳои дуҷониба метавонад ҷиҳати табодули бештари молу маҳсулот мусоидат намояд. Солҳои ахир соҳаи саноати вилоят рушд намуда истодааст ва соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 1 миллиард доллари ИМА баробар гардид. Ҷонибҳо метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ доираи ҳамкориҳоро васеъ намоянд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ нишондиҳандаҳо назаррасанд ва вилояти Суғд имконият дорад, ки маҳсулоти гуногун, аз ҷумла меваву сабзавотро содирот намояд.

Муовини Раиси вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Михаил Маслов аз муносиботи ҳасанаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ёдовар шуд ва омодагии ҷонибашро барои гутариши ҳамкориҳо баён дошт.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 13 – 14 апрели соли ҷорӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содироткунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик Анҷумани минтақавӣ оид ба шартномабандӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин Анҷуман миёни вилоятҳои Суғду Оренбург меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh