Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони корхонаҳои бунёдшаванда

Рӯзи 4-уми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаҳои бунёдшаванда аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намуд.

Зимни боздид Раиси вилоят аз корҳои ободонӣ ва сабзкории даромадгоҳи минтақа изҳори нигаронӣ намуда, барои гулпӯш ва ба таври назаррабо зебо намудани даромадгоҳи МОИ “Суғд” ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома Раиси вилоят бо лоиҳаи сохтмони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Азияполитекс”, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд меёбад, аз наздик шинос шуд. Ба иттилои масъулин ифтитоҳи корхона дар соли 2018 ба нақша гирифта шуда, дар он халтаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол хоҳад шуд. Раиси вилоят дар аснои суҳбат аз ташкилшавии боз як корхонаи саноатӣ изҳори хушнудӣ намуда, тавсия дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии “Арча” яке аз муваффақтарин корхонаҳои МОИ “Суғд” дониста мешавад. Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ин корхона ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли равон дар заминаи корхонаи “Арча” боз як корхонаи нав бо номи “Арча-мебел” ба фаъолият оғоз менамояд. Корхонаи нав бо маблағи 400 ҳазор доллари ИМА бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти он то ба 800 ҳазор доллар расонида мешавад. “Арча-мебел” ба истеҳсоли мебелҳои гуногун, ки дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идораҳои маъмурӣ истифода мешаванд, машғул хоҳад шуд. Аз ҷониби роҳбарияти корхона навъҳои гуногуни мизу курсӣ, ки барои истифода дар мактабҳо пешбинӣ шудааст, муаррифӣ карда шуд. Қайд гардид, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда бо кафолати даҳ сол ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.

Яке аз корхонаҳои дигаре, ки соли равон бояд мавриди истифода қарор гирад, ин Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи “КМС шаҳри Хуҷанд” мебошад. Зимни шиносоии Раиси вилоят бо корҳои сохтмонии корхона иттилоъ дода шуд, ки он бо харҷи 17,6 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Тибқи лоиҳа дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти металу пластикӣ, аз ҷумла бозичаҳо, дучарха, мошинаҳои ҷомашӯӣ, қисмҳои эҳтиётии пластикӣ барои мошинҳои сабукрав ва техникаи маишӣ ба роҳ монда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Реал” шинос шуд. Корхонаи мазкур аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошта, ба истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ машғул аст. Ба иттилои масъулин дар корхонаи “Реал” солона ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар масоҳати 320 гектар таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароитҳои имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh