Тарзи пешрафти андозсупорӣ-ба манфиати кор

Соли 2017 дар вилоят иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 108,3 фоиз таъмин гардид.

 Ба ҷои 2 миллиарду 114,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлат 2 миллиарду 290,7 млн сомонӣ ворид карда шуд. Дар ҳамин давра аз ҷониби ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят вориди андоз аз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид, - қайд намуд зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати назорати андоз дар  вилояти Суғд Бахтиёр Султон.

Инчунин маълум гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 8211 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардида, нисбат ба онҳо ба маблағи 19,2 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Чунин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 4,4 миллион сомонӣ  зиёд мебошад.

Бахтиёр Султон қайд намуд, ки аз ҳисоби ҷаримаҳои таъингардида ба буҷети давлатӣ 17,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2016 4,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Имрӯз бо истифода аз барномаи компютерӣ беш аз 26 ҳазор андозсупоранда дар вилоят эъломия ва ҳисоботи худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд. Дар оянда мақомоти андоз ният дорад, ки амалиётҳо пурра ба шакли электронӣ гузаронида шавад. Ин усул метавонад, ҳам кори андозсупоранда ва андозгирандаро осон намояд.  Инчунин, ин усул метавонад, барои кам намудани чиноятҳои коррупсиони мусоидат намояд, - илова намуд номбурда.

Дар қисми дигари нишасти матбуотӣ Бахтиёр Султон ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh