Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд

Рӯзи 14 феврал бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд.

Дар рафти маҷлис роҳбари вилоят вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда супориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия дар соли сипаришуда ба андозаи 102,3 дарсад ва буҷети маҳаллӣ 109,4 дарсад иҷро гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 196 миллион сомонӣ баробар гардида, аз 30 корхонаи фаъолиятдошта як адади он фаъолият набурд ва 7 корхона нисбат ба соли 2016 камтар маҳсулот истеҳсол кардааст.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ аз қафомонии шудгори заминҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, ба роҳбарияти ноҳия супориш дода шуд, ки барои пурра омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Бояд гуфт, ки бо дастгирии роҳбарияти вилоят ҷиҳати ҳалли мушкили хоҷагидорони ноҳия ва таъмини мунтазами онҳо бо оби полезӣ 200 метр қубурхои қутрашон 800 миллиметра дастрас карда мешавад.

Роҳбари вилоят масъулинро ҳамзамон ҷиҳати ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, бо ҷойи корӣ таъмини намудани сокинон, таъмири муассиаҳои таълимиву фарҳангӣ, китобхонаҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ, зиёд намудани саршумори чорво, коркарди гӯшту шир, захираи тухмии картошка ва пахта, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, шудгори заминҳо вазифадор намуд.

Дар идомаи маҷлис чанде аз сокинони ноҳияи Мастчоҳба сухан баромада, таъкид карданд, ки дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон  муттаҳид гашта, баҳри пешрафти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурии соҳибистиқлол саҳми худро хоҳанд гузошт. Масалан соҳибкор Бунёд Исмоилов ваъда дод, ки 2 варзишгоҳ бунёд намуда, барои машқу тамрини ҷавонону наврасон шароити заруриро фароҳам меоварад.

Пас аз баргузории маҷлиси фаъолон Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони толори варзишӣ  дар мактаби рақами 38-и ноҳия шинос гардид. Толори варзишии мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фаррух Шарифов бунёд гардида, тибқи лоиҳа он дорои 400 ҷойи нишаст мебошад.  Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони толори варзишӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расида, дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар ба хонаи механизатори номӣ, дорандаи ордени Ленин Исмат Шарифов ташриф оварда, бо ӯ суҳбати самимӣ орост. Бояд гуфт, ки Исмат Шарифов яке аз кишоварзони номӣ буда, барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ободии диёр саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз фарзандони номбурда пешаи падарро интихоб намуда, барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ ҳиссагузорӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh