Ҷаббор Расулов: Эҳёи паррандапарварӣ

Дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии соли 2017 раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода аз ҷумла зикр дошт, ки мардуми ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас мегузоранд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ дар деҳот» сохтмони бинои Маркази саломатии ноҳия ва маркази саломатии деҳоти «Париҷ коммуна» идома дошта, марказҳои саломатии деҳоти «Иторчӣ» ва «Тоҷикобод» дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор доранд.

Қайд гардид, ки аз сабаби боришоти кам дар ноҳия норасоии об барои обёрии 4 ҳазор гектар ба назар мерасад.

- Айни замон аз Ҷумҳурии Қирғизистон 1,5 мукаабметр об мегирем, ки дар як ҳафта ба се рўз рост меояд. Агар дар моҳҳои апрелу май дар ноҳия заминҳо бо пуррагӣ бо об таъмин нагарданд, пас муаммо барои рўёнидани ҳосили фаровон ба миён меояд, - зикр кард раиси ноҳия.

Намояндагони васоити ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ, фарҳанг, тандурустӣ ва маориф суол дода, ба саволҳои хеш посух гирифтанд. Инчунин, аз тарафи хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» бобати вазъи соҳаи паррандапарварӣ ва дар кадом сатҳ қарор доштани он суол дода шуд.

Комил Салимзода дар ҷавоб гуфт, ки соли 2017 дар ноҳия аксари фермаҳои паррандапарварӣ аз фаъолият бозмонда буданд, вале соли равон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин самт шартнома баста шуд.

-Аз Ҷумҳурии Қазоқистон барои эҳёи соҳаи паррандапарварӣ 52 ҳазор чўҷа харидорӣ гардида, дар назар аст, ки моҳи феврал боз 30 ҳазор чўҷаи хушзот харидорӣ намоем. Умедворем, ки соли равон бо тухмҳои хушсифат аҳолиро таъмин намоем, - илова намуд Комил Салимзода.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»,
суратгир Иномҷон РАБИЕВ

Add comment


Security code
Refresh