Сафари кории Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон

Нимаи дуюми рӯзи 30 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дод.

Дар шаҳри Бӯстон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода самараи дастранҷи ҳайкалтарошони ҶДММ “Шаҳрсохтмон”-ро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Ширкати мазкур давоми чанд соли охир ба бунёди муҷассамаи бузургони миллат машғул буда, маҳсули меҳнати кормандонаш аллакай дар аксар шаҳру навоҳии вилоят қомат афрохтааст.

Роҳбари вилоят бо корҳои эҷодии мутахассисони ҷамъият шинос гашта, таъкид намуд, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади анҷоми корҳои ободониву созандагӣ ва ҷалби бештари сайёҳон дар шаҳру навоҳии вилоят васлу насби чунин пайкараҳои декаративӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ “Анҳор” шинос гардид. Зимни боздид ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи мазкур ба коркарди гандум ва истеҳсоли орд машғул аст. Иқтидори истеҳсолии хатти аввали коргоҳ коркарди 120 тонна гандум дар як шабонарӯз буда, бо насби таҷҳизоти нави харидоришуда ин рақам то ба 500 тонна расонида мешавад. Таҷҳизоти коргоҳ асосан аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ ва аллакай васлу насб гардидааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва харидории дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ 13 миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Ҳангоми шиносоӣ роҳбари вилоят ба соҳибкор тавсия дод, ки бояд маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуд ва ҳаҷми содиротро афзун кард. Тавсия дода шуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда таҷҳизоти истеҳсоли макарон низ насб карда шуда, истеҳсоли он ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh