Шиносоӣ бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Конибодом

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи ҶДММ  «Билол –Суюлин-Семент» дидан намуд.

Корхонаи  мазкур ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, дар сурати  пурра кор намудани он 70 нафар шаҳрвандон  бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ, ободонии атрофи корхона, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, таъмиру азнавсозии роҳи ҳудуди корхона тавсияҳо дод.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду навсозии роҳи нақлиётгарди Хуҷанд – Исфара, аз ҷумла қитъаи Конибодом - Патар идома дорад. Лоиҳаи мазкур бо саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ ва фармоиши Вазорати нақлиёт амалӣ мешавад. Роҳбари вилоят ҳангоми суҳбат бо роҳсозон вазифа гузошт, ки азнавсозии роҳ бояд бо сифати баланд ва то ҳудуди минтақаи дидбонгоҳи гумрукии Патар анҷом дода шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо рафти бунёди Маркази ҷарроҳӣ, мавзеъҳои бунёди театр, хиёбони шоҳ Исмоили Сомонӣ, азнавсозии роҳи мошингарди кӯчаи ба номи С.Айнӣ, ободонӣ ва нуқтаи қабули хатти оби нӯшокии идораи обу канализатсия, варзишгоҳи “Ҷавонӣ” шиносоӣ пайдо карда, бобати иҷрои босифати корҳо дастурҳои муфид дод.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят се нафар собиқадор -  кишоварзи номӣ Эркин Дадобоев, омӯзгори деҳаи Ҷаҳонзеб Ширин Сангинова ва ходими шинохтаи давлатӣ Бибихон Азизоваро аёдат намуд.

Бегоҳии рӯзи 29 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва фаъолони шаҳр машварати корӣ доир намуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани тантанаи умумиҷумҳуриявии иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ёдовар шуда, бобати омодагӣ ва дар сатҳи баланд доир кардани иди умумиҷумҳуриявӣ назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Лозим ба ёдоварист, ки ба истиқболи ин санаи муборак дар Конибодом ҳашт иншооти бузург мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки маблағгузориашро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бар уҳда дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh