Сафари кории Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Рӯзи 29 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хоҷагии халқ ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят сараввал дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо рафти сохтмони бинои нави мактаби рақами 29 шинос шуд. Бояд гуфт, ки бинои нави муассиса аз рӯи лоиҳаи сохтмонӣ аз 3 ошёна, 21 синфхона, маҷлисгоҳ барои 220 нафар, толори варзишӣ, ошхона барои 80 нафар иборат буда, ҳамзамон он дорои системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда, гармхона ва чоҳи амудӣ аст. Арзиши харҷномавии пешакии иншоот 12,8 млн сомонӣ муқаррар шуда, он пурра бо маблағгузории буҷети вилоят сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «КММ -44» моҳи апрели соли 2016 оғоз ёфтааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид ба роҳбарияти Идораи сохтмони асосии вилоят, роҳбарияти шаҳри Конибодом ва дигар шахсони масъул вазифа гузошт, то дар  корҳои бинокорӣ ва ороишиву пардоздиҳӣ аз маҳсулоти босифати корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокории ватанӣ, ки имрӯз дар вилояти Суғд хеле зиёд ҳастанд истифода намоянд. Зеро маҳсулоти ватанӣ ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам арзиш аз маҳсулоти воридшаванда хеле афзалият доранд. Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати таъмини синфхонаҳо бо мебелу курсиҳои босифати таълимӣ, таҷҳизонидани синфхонаҳои лабараторӣ бо лавозимоти замонавӣ, компютерҳо ва ободониву кабудизоркунии атрофии маҳал тавсияҳо дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки сохта ба истифода дода шудани бинои нави таълимӣ барои омӯзгорону хонандагон ва беш аз 21 ҳазор нафар аҳолии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ туҳфаи хубу шоистаи давлату Ҳукумат мебошад.

Дар Конибодом ҷиҳати омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ ба рох мондани корҳои яхобмониву шӯршӯии замину майдони боғот тадбирҳои муайян амалӣ карда шудааст. Зимни сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни тозасозии Канали калони Фарғона шинос шуд. Канали калони Фарғона дар минтақа аз шабакаҳои муҳими обёрӣ ба шумор меравад, зеро он беш аз 19 ҳазор гектар заминҳои моҳияти кишоварзӣ дошта, аз ҷумла 10 ҳазор гектар майдони боғот ва 9 ҳазор гектар заминҳои киштшаванда обёрӣ карда мешавад. Дарозии канали  мазкур 65 км буда, алҳол дар ҳудуди 18 км тадбирҳои омодагӣ ба мавсим ба итмом  расидааст.

Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои тозакунии канал роҳбари вилоят шахсони масъулро барои анҷоми саривақтии корҳо вазифадор кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh