Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017

Абдураҳмон Қодирӣ: - Заминаи дастовардҳо дар масъулиятшиносист!...

8 январи соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ роҷеъ ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 маърӯза намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давоми соли сипаришуда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва сафарҳои корӣ ба вилоят бармеоянд, тадбирҳои амиқ андешида, дар ҳамаи соҳаҳо рушду пешрафт таъмин карда шуд.

- Бахусус, дар соли 2017, ки соли ҷашнҳои бузурги давлатӣ – 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мардуми вилоят ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ сазовор гардиданд, - изҳор дошт Назира Ғаффорӣ.

Дар ин давра ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав ва рушди ҳунарҳои дастӣ эътибори зарурӣ дода шуд.

Дар соли 2017 қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 104 фоизи нақша иҷро гардида, 1607805,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Давоми соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 9883097,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,5 фоизро ташкил кард.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки давоми соли 2017 дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар миқёси вилоят 85 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ карданд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бунёд гардидани минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол ба оғози марҳалаи нави рушди соҳаи металлургияи кишвар такони тоза бахшид. Ҳам-чунин, бунёди навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд - Пак”, гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо истифода аз усули “гидропоника” дар заминаи ҶДММ “Элегант” ва корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм - Суғд” дар шаҳри Бӯстон ба афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Дар соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 7116,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016-ум 7 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5321,3 млн. сомонӣ ё 8,4 фоиз ва чорводорӣ 1795,1 млн. сомонӣ ё 2,9 фоиз зиёд шудааст. Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 480551,1 тонна сабзавот ё нисбат ба соли гузашта 4,9 фоиз, мутаносибан 117445,4 тонна пахта ё 37,2 фоиз, 132935,8 тонна полезӣ ё 12,1 фоиз, 123744 тонна меваҷот ё 9,8 фоиз, 57123,1 тонна ангур ё 2,9 фоиз зиёд истеҳсол карда шуд, ки натиҷаи ислоҳоти соҳа мебошад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷаҳои фаъолияти солонаро дар вилоят таҳлили амиқ намуда, ба раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ, аз ҷумла ба раисони ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва роҳбарони Идораи кишоварзии вилоят, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилоят бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз бемасъулиятӣ ва ба камбудӣ роҳ додани бархе роҳбарону масъулин изҳори нигаронӣ намуд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ба сухан баромада, дар баробари таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 дастовардҳои мардуми вилоятро дар рушду таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, бахусус саноату кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ шоиста арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Абдураҳмон Қодирӣ бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои мухталиф ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 ба роҳбарону масъулин дастуру супоришҳои амиқ дода, аз ҷумла зикр дошт, ки мо бояд корҳои омодагиро ба ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз густариш бахшем ва фаъолияти самаранокро дар ҳамаи соҳаҳо роҳандозӣ намоем.

Ҳамзамон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуд, ки бо ибтикори Асос- гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки масъулону фаъолон вазифадоранд дар самти амалӣ шудани ин иқдоми шоиста ва саривақтӣ саҳми арзанда гузоранд.

Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh