ДАСТОВАРДҲО - ТАҲКИМБАХШИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ

НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии

вилояти Суғд дар моҳҳои январ-декабрисоли 2017

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

 

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 январи соли 2018 ба андозаи 104 фоизи нақша иҷро гардида, 1607805,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1569807,2 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,9 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 100 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 103,5 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,3 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 9883097,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,5 фоизро ташкил кард.

Аз 120 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 истеҳсоли 76 номгӯй (63,3 фоиз) афзуда, 38 номгӯй (31,7 фоиз) кам шуда, 6 номгӯй (5 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 593 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 379 корхона (64 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 75 воҳид ё 12,6 фоизро ташкил карда, 139 корхона ё 23,4 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ, маснуоти тайёри филизӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроҷи маъдан

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 ба маблағи 4050011,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 30,7 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 29,1 ва энергетикӣ 47,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ 47,2 фоиз, нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг ба 28,8 фоиз, нафт ба 2,5 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 29,1 фоиз аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли регу сангмайда 1,7 баробар ва дигар маҳсулот ба вуҷуд омадааст.

 

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 5495057,8ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 2493345 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 818312,8 ҳазор сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 407531,1 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 29,9 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ - 31,9 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд - 2,7 баробар, маргарин - 5,6 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ - 17,2 фоиз, гӯшт - 6 фоиз ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ - 3,8 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли дигар маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ - 29 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент - 1,6 баробар ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ – 15,9 фоиз зиёд, аз ҳисоби истеҳсол шудани маҳсулоти кешбофӣ - 2 бар, маҳсулоти дӯзандагӣ 38,7 фоиз, калобаи пахтагин - 10,6 фоиз, қолин ва маснуоти қолинӣ – 4,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

 

Истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 338028,4ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур 25,4 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими неруи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - декабри соли ҷорӣ 221929,4 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз зиёд мебошад.

 

КИШОВАРЗӢ, ШИКОРВАХОҶАГИИҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 7116,4 млн. сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба соли 2016-ум 7 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5321,3 млн. сомонӣ ё 8,4 фоиз ва чорводорӣ 1795,1 млн. сомонӣ ё 2,9 фоиз зиёд шудааст.

                                             

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 480551,1 тонна сабзавот ё нисбат ба соли гузашта 4,9 фоиз, мутаносибан 117445,4 тонна пахта ё 37,2 фоиз, 132935,8 тонна полезӣ ё 12,1 фоиз, 123744 тонна меваҷот ё 9,8 фоиз, 57123,1 тонна ангур ё 2,9 фоиз зиёд, аммо 309997,3 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба соли гузашта 0,5 фоиз ва 324864 тонна картошка ё 5,8 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 410121,3 тонна ё 4,8 фоиз нисбати соли гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар соли 2017 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав ва кӯфта шуд, аз майдони 101,7 ҳазор гектар, ки дар маҷмуъ ҳосили он 211,4 ҳазор тонна буда, ҳосилнокӣ 20,8 сентнерро аз ҳар як гектар ташкил дод.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 5038,9 гектар замин 27,1 ҳазор тонна гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 53,8 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 9716,1 гектар 233 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 239,8 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар соли 2017 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 8143,3 гектар 230,6 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 283,2 сентнериро ташкил медиҳад. Аз гармхонаҳо бошад, 279,6 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 5804,7 гектар 118,9 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 204,9 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 86,3 ҳазор тонна мева ва 40,4 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 3 фоиз ва ангур 4 фоиз зиёд шудааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда кишти тирамоҳиро ба охир расониданд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хӯроки сабзи чорво дар майдони 30661 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 30632 гектарро ташкил медиҳад.

 

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хӯроки чорво дар марҳалаи анҷомёбист.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ соли 2017 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 576,9 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,4 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 235,3 ҳазор тонна ё 119,9 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 6,4 ҳазор тонна ё 111,4 фоиз тарбеда, 335,2 ҳазор тонна ё 97 фоиз коҳ, 24,3 ҳазор тонна ё 104,4 фоиз хӯроки ширадор тайёр ва захира карданд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 205,3 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 108 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 23,2 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда кишти такрорӣ ба охир расид.

Соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 1543,3 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст: аз он дар 1464,8 гектар пиёз ва дар 78,5 гектар сирпиёз кишт шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.

 

Захираи тухмӣ

Дар соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ (бе ҷуворимакка) – 7459,1 тонна, аз он ҷумла гандум – 2512,9 тонна, ҷав – 4194,1, шолӣ – 352,1, лӯбиёгиҳо – 97,3, ҷуворимакка – 89,6, картошка – 9891,7, сабзавот – 2,2, чигит – 1463 тонна захира гардид. Захираи тухмӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз зиёд шудааст.

 

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 январи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3614 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2647 адад ё 73 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 январи соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 2232,9 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,5 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 617,8 кг. рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,9 кг кам мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 январи соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 631 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,8 ҳазор сар ё 0,8 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 46,5 ҳазор сар ё 3,2 фоиз, саршумори мурғ 69,4 ҳазор сар ё 4,1 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,5 фоизи саршумори чорвои калон ва 85,1 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 3,6 фоиз, Исфара – 2,3, Ашт – 0,9, Истаравшан – 0,6, Панҷакент – 0,5 фоизро ташкил дод.

Ба 1 январи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 54584,4 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2017- ум 2,3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 7,5 фоиз, Шаҳристон – 4,7, Ашт – 3,6, Исфара – 3,4, Истаравшан – 2,4 ва Зафаробод – 2 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 255594,4 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2017-ум 2,3 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон – 11,7 фоиз, Исфара – 4,1, Зафаробод – 3,3 ва Мастчоҳ – 2,3 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,1 фоизро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 январи соли 2018 ба миқдори 167555,8 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2017-ум 10,9 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳоиДеваштич – 3,6 баробар, Спитамен –1,6 баробар, Исфара – 34,1 фоиз, Ашт – 22,4, Истаравшан 17,8 ваШаҳристон – 12,7 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1 январи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ бошад, 9211 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 январи соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 16,4 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод – 32,9 фоиз, Исфара – 30,4, Спитамен – 1,6, Истаравшан – 24,4, Ашт – 22,5, Мастчоҳ – 16,1 ва Деваштич – 12,8 фоиз зиёд гӯсола гирифтаанд.

Ба 1 январи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 80328 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 январи соли 2017 хоҷагиҳои вилоят 0,6 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт – 2,1 баробар, Бобоҷон Ғафуров – 1,7 ва Деваштич – 1,4 баробар зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 январи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1588 кг. шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2017-ум 3,8 фоиз ё 58 кг. зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 январи соли 2017 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров - 285 кг., Зафаробод - 57, Мастчоҳ –56, Айнӣ - 16, Ҷаббор Расулов – 15 ва Истаравшан – 9 кг. зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 261 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2017-ум 9,7 фоиз ё 23 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 январи соли 2018 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 60 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 3,4 фоиз ё 2 сар зиёд аст.

Ба 1 январи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 89 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт – 20 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров - 5 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

 

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар соли 2017-ум 15520,9 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 32,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 552,8 тонна, пахта 21, картошка 5145,1, сабзавот 84,5, меваҷот 388,1 ва хӯроки чорво 658,8 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 10,2 тонна, шир 6,6, пашм 1,5 ва асал 2,1 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 82 сар чорвои калон, 3263 сар гӯсфанду буз, 86 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

 

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар соли 2017-ум 6103,3 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбати соли 2016-ум 0,8 фоиз зиёд аст.

Дар соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 285,2 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед – 9,1 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 13,7, намуди амури сафед – 16,9, намуди суфмоҳӣ – 8,3 ва дигар намуди моҳиҳо – 52 фоизро ташкил намудааст.

 

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 2052328,5 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2016-ум 110,8 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1623259,7 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 79,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Бакорандохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 1260495,4 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 94,9 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 834765,7 ҳазор сомонӣ ё 66,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкори хусусӣ, иншооти бинои замонавӣ барои қабули меҳмонони олиқадр – фармоишгар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», иншооти комплекси осиё ва анбори маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Зерновая компания», обёрӣ ва азхудкунии заминҳои мавзеи Сомғор – фармоишгар ИСА вилояти Суғд, дар ноҳияи Исфара корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо иқтидори коркарди 1400 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Баракат», дар ноҳияи Спитамен бошишгоҳи саҳроӣ, мурғхона, фермаи чорво аз тарафи фармоишгар хоҷагии деҳқонии «Ином», хатти коркарди регу шағал аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Элегант», дар шаҳри Бӯстон марҳалаи дуюми сехи истеҳсоли лингаҳои полипропиленӣ, шағал аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Суғд-Пак», гармхонаи инноватсионӣ бо парвариши гидропоника аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Элегант», дар шаҳри Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ корхонаи коркарди металли сурб бо иқтидори 50000 тонна дар як сол – фармоишгар ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта, ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ 69864,5 ҳазор сомонӣ ё 5,5 фоиз, давлатӣ – 215326,9 ҳазор сомонӣ ё 17,1 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 38418,6 ҳазор сомонӣ ё 3 фоиз ҶДММ – 115717,2 ҳазор сомонӣ ё 9,2 фоиз, корхонаҳои муштарак –7315,8 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 139100,6 ҳазор сомонӣ ё 11 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 674166,8 ҳазор сомонӣ ё 53,5 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзӣ 585 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

 

Сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 429068,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 20,9 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 ба масоҳати 464380 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2016-ум 103,7 фоизро ташкил медиҳанд.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-декабр 417970 метри мураббаъ ё 90 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 26365 метри мураббаъ ё 5,7 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 17160 метри мураббаъ ё 3,7 фоиз, аз ҳисоби ҷамъиятҳои саҳҳомӣ - 845 метри мураббаъ ё 0,2 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 2040 метри мураббаъ ё 0,4 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд. Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 3790 ҷои талаба, аз он ҷумла дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ мактаб барои 1296 ҷои талаба, дар шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ мактаб барои 920 ҷои талаба ва аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан мактаб барои 144 ҷои талаба, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб барои 470 ҷои талаба, дар ноҳияҳои Деваштич мактаб барои 240 ҷои талаба, Зафаробод мактаб барои 240 ҷои талаба ва аз ҳисоби аҳолӣ мактаб барои 240 ҷои талаба сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияҳои Спитамен мактаб барои 240 ҷои талаба, Ҷаббор Расулов ду боғчаи бачагона барои 120 ва 80 ҷой, Бобоҷон Ғафуров боғчаи бачагона барои 120 ҷой, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ду боғчаи бачагона барои 120 ва 180 ҷой сохта, ба истифода дода шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ шуъбаи ҷарроҳӣ барои 14 кат сохта, ба истифода дода шуд.

 

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 бо қувваи худ ба маблағи 453368,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2016-ум 64,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 1971,8 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз), саҳҳомӣ 17364,1 ҳазор сомонӣ (3,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 356376,8 ҳазор сомонӣ (78,6 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 49289,6 ҳазор сомонӣ (10,9 фоиз), хориҷӣ 28366,1 ҳазор сомонӣ (6,3 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

 

НАҚЛИЁТ

Дар соли 2017 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 27,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 100,6 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилӣ шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 23,4 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 2,6 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 89,8 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 2366,7 миллион тонна км. ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,8 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар соли 2017 170,5 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 109 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 170,2 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 109,1 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 46,7 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 141,5 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 202,9 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 90,7 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 3014,2 миллион мусофирон км.-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 102,7 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар соли 2017 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд, 3333,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2016-ум 0,2 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 1464,1 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 43,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 2,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2017 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1285,1 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА

 МОЛҲОИ МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 7480,3 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 9,4 фоиз ё ба маблағи 1080,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 7334,3 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 9,5 фоиз афзудааст, таъмири мошинҳо 6,8 фоиз афзудааст. Ҳаҷми гардиши корхонаҳои таъмири молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ бошад, 12,4 фоиз зиёд шудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва омехтаи вилоят ба маблағи 3718,2 миллион сомонӣ мол фурӯхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 51,4 фоиз ё 3769,8 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшту ҳасиб (17,5 фоиз), орд (7,9 фоиз), маҳсулоти қаннодӣ (7,5 фоиз), равғани растанӣ (5,4 фоиз) ва шакар (3 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 48,6 фоиз ё 3564,5 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (28,7 фоиз), газвор (12,5 фоиз), пойафзол (8,3 фоиз), мебел ва маснуоти қолинӣ (6,7 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ, маишӣ (4 фоиз) ва либос (3,9 фоиз)-ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 2827,6 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 355,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз зиёд шудааст.

 

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 2050124,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабр соли 2016-ум 9,6 фоиз ё 179230,8 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда, 1040133,6 ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 56 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 45 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,2 фоиз ё 1582881,6 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,8 фоиз ё 467243,2 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 24,6 фоиз ва воридот бошад, 75,4 фоиз, касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 779174,6 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 260959 ҳазор долларро ташкил додааст.

         Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 13,6 фоиз ё 189494,9 ҳазор доллар зиёд гардида, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 2,1 фоиз ё 10264,1 ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2017 содироти мол 504995,6 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2016-ум 13,1 фоиз ё 58647,1 ҳазор доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1545129,2 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2016-ум 8,5 фоиз ё 120583,7 ҳазор доллар зиёд мебошад.         

Зиёдшавии суръати рушди содирот асосан аз ҳисоби содироти маҳсулоти маъданӣ – 61,9 фоиз, калобаи пахтагин – 19,4 фоиз ба амал омадааст. Зиёдшавии суръати рушди воридот бошад, аз ҳисоби шакар ва маҳсулоти қаннодӣ – 2,1 баробар, равғани чорво ва растанӣ – 68,2 фоиз, мошинолот ва таҷҳизот – 42,3 фоиз, чӯбу тахта ва маснуоти он – 7,8 фоиз ва воситаҳои нақлиёт – 37,1 фоиз ба амал омадааст.

 Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон - 64 фоиз, ӯзбекистон-10,6, Чин – 6,1, Нидерландия – 4,9, Туркия – 3,9 ва Италия - 3,1 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия - 35,6 фоиз, аз Қазоқистон – 32,9 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин - 15,4 фоиз, Литва – 3,6 ва ӯзбекистон – 3 фоиз ва ғайраҳо.

 

 ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2017 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ба маблағи 3006,6 ҳазор доллар ё 1867,8 тонна ёрии башардӯстона расонида шуд, аз он ҷумла маҳсулоти озуқа 202,5 ҳазор доллар ё 153,9 тонна, нуриҳои минералӣ 67 ҳазор доллар ё 22,6 тонна ва металли сиёҳ 327,9 ҳазор доллар ё 163,3 тонна мебошад.

 

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 402,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 255,6 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 147,2 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 декабри соли 2017-ум 9,9 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 49 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 1003,50 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,3 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 декабри соли 2017-ум 9485,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботии 2017-ум 1377,2 ҳазор сомонӣ ё 14,5 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 7537,8 ҳазор сомонӣ (79,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 1654,7 ҳазор сомонӣ (17,4 фоиз) ва дар саноати коркард 248,9 ҳазор сомонӣ (2,6 фоиз)-ро ташкил додааст.

 

НАРХ

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,9 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 109,1 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,5 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 106,1 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 индекси нархҳои истеъмолӣ 6,1 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз буд).

Аз аввали соли 2017 сатҳи таваррум дар вилоят 6,1 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қиммат шудаанд: бехпиёз – 1,9 баробар, оби ҷав – 1,8, бодиринг – 1,7, помидор – 1,6, картошка – 1,5 баробар, лӯбиё – 33,4 фоиз, шоколади “snikӯқs” – 30,2 фоиз, ярмаи ҷави луч – 25,5, шири хушки омехта барои кӯдакон – 24,8, гӯшти мурғ – 24,5, мош – 23, қаҳваи маҳлулшаванда дар бонкаи шишагӣ – 22,7, маҳсулоти тамоку – 21 фоиз, банан – 21, гӯшти гӯсфанд – 20,5, лимӯ – 18,1 ва гӯшти гов – 15 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра кабудӣ – 1,7 баробар, сирпиёз – 45 фоиз, тарбуз – 37,7, ярмаи марҷумак – 28, харбуза – 24,2, карам – 21,1, себ – 21, нок – 19, зардолуқоқи донакдор – 17,3, ангур – 17,2, чормағз – 12 ва сабзӣ – 11,6 фоиз арзон шуд.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қиммат шудаанд: гази моеъ – 34 фоиз, ҷӯроби писарона – 32,6, бензин 27,1, рӯймолҳо – 26,9, босоноҷка барои писарбачаҳо – 26,7, дарзмол – 26,2, куртаи нимтана – 25,6, кӯлоҳи кешбофи кӯдакона – 21,8, гули зинда – 19,1, ғаваккашаки кӯдакона – 18,6, пойафзолӣ кроссовии мардона – 17,7, олифа – 17, ранги миноӣ – 13,9, пойафзоли духтарона – 12,8, юбкаи занона – 5,1 ва халати патдори занона – 5,1 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра колготкии занона – 26,6 фоиз, штукатурка барои девор – 15,7, галстуки мардона – 12,1, майкаи бачагона – 11,3, пойафзоли хонапӯшии занона – 11,4, алебастр – 10,7, обгармкунаки “Aқiston” – 9,1, колготкаи кӯдакона – 8,1, семент – 6,1, ҷорӯби хонарӯбӣ – 6 ва шими ҷинси мардона – 5,8 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қиммат шудаанд: нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 37,5 фоиз, арзиши боғчаи кӯдакон – 33,5, хӯроки бегоҳирӯзӣ дар тарабхона – 27,5, пардохт барои оби хунук ва канализатсия – 21,6, пардохт барои барқ – 15, эмкунии чорво – 13,6 ва хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 6,7 фоиз. Дар ҳамин давра иваз ва филтри равған – 20,4 фоиз арзон шудааст.

 

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2017

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

 

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 12623 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 17,8 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 24,2 фоизи бемориҳо рост меояд, ки бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 36 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 9553 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 12 фоиз кам аст.

 

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 695 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,9 млн. сомонӣ) 691,7 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 01.01.2018-ум 214446 нафарро ташкил медиҳад.

Add comment


Security code
Refresh