Маҳсулоти пастсифат набояд ба бозори истеъмолӣ роҳ ёбад...

Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд фаъолияти худро барои дар оянда роҳ надодан ба воридшавии маҳсулотҳои пастсифат ба бозори дохилӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, дастгирии соҳибкорон ҷаҳду талош намуда, корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзўр менамоянд.

Тавре сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов изҳор дошт, дар давоми як моҳи охир мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар анбори ширкати ҶДММ “Актив ИЭ” 43 ҳазору 640 килограмм ва дар анбори ҶДММ “Усмонов ва Ко” 43 тонна гўшти яхкардашудаи говмеш, истеҳсоли Ҳиндустонро ошкор намуданд. Аз рўи хулосаи озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти хўрока ва кишоварзии Марказ маҳсулоти мазкур ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” ҷавобгў нестанд ва парвандаҳои баҳри андешидани чораҳо қонунӣ ба мақомотҳои дахлдор фиристода шуданд.

Соли сипарӣ дар маҷмуъ миқдори зиёда аз 52 тонна маҳсулоти гуногуни хўрокворӣ ва номгўи зиёди маҳсулоти пастсифати муҳлати истеъмолашон гузашта ва ба талаботи стандарт номутобиқ нобуд карда шуд.

- Дар озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” ба миқдори 9450 намуна маҳсулоти хўрока аз ташхис гузаронида шуданд, ки аз ин 323 намуна ба монанди орди гандум, маҳсулоти гўштӣ ва ширӣ, равғани растанӣ, маҳсулоти макаронию қаннодӣ, тухм, нўшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, консерваҳо ва ғайра ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникӣ ҷавобгў набуданд.

Агар ба фаъолияти бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят назар андозем, дар баъзе маврид аз сабаби бемасъулиятии роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон ҳоло ҳам камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд, ки баробари роҳандозӣ гардидани санҷиш ва назорати давлатии мақомотҳои ваколатдор фаъолнокии шаҳрвандон, яъне истеъмолкунандагон низ хеле муҳим мебошад, - афзуд М.Каримов.

Бояд гуфт, ки аз рўи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор” Мақомоти “Тоҷикстандарт” дар як сол як маротиба ҳуқуқи аз назорати давлатӣ гузаронидани субъектҳои хоҷагидорро дорад. Дар дигар ҳолат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 14, зербанди 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” маъмурияти бозор ва марказҳои савдо вазифадор карда шудаанд, ки бозорро дар ҳолати дахлдори санитарӣ ва техникӣ, ки ҳифзи муҳити зист, бехатарии эпидемиологӣ, эпизоотӣ ва экологиро дар мавзеи ҷойгиршавии он таъмин менамояд, нигоҳ доранд, инчунин барои бартараф ва нест кардани манбаъҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ ё пешгирии паҳншавии ин бемориҳо ҳангоми пайдо шудани онҳо мусоидат намояд. Илова бар ин барои ташкили савдо, аз ҷумла, барои қабул, нигоҳдорӣ, фурўши мол (иҷрои кору хизматрасонӣ), таъминот бо барқу об, гармӣ ва ташноб шароити зарурӣ фароҳам оваранд.

Боиси зикр аст, ки истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, дар вақти харидани мол ва кору хизматрасонӣ сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатӣ бехатарро аз истеҳсолкунанда ва фурўшанда талаб намояд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Истеъмолкунанда дар вақти харидории маҳсулоти хўрока ба тамғагузории он, яъне таркиби маҳсулот, санаи истеҳсол, муҳлати истеъмол ва маълумот дар бораи истеҳсолкунанда бояд аҳамият диҳад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh