Хуҷанд: дар оинаи сол

Боз соле сипарӣ мегардад ва моро ба айёми нав мебарад. Чун анъана дар анҷоми сол бурду бохт ва дигаргуниҳои соли рафтаро ба риштаи таҳлил кашида, барои соли пешомад нақшаҳои нав тарҳрезӣ мекунем.

Нақшаву ниятҳои неки зиёд дорем, ки бояд онро дар Соли нав ба иҷро расонем. Бештар диққати худро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ равона намуда, кўшиш мекунем, ки шаҳрамонро боз ҳам зеботару дилработар намоем. Бо ин мақсад дар давраи соли 2017 ҳаҷми маблағгузории асосӣ 170,9 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 110,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоот дар минтақаҳои аҳолинишин баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, расидан ба ҳадафҳои талаботи имрўзаи ҷомеа, иҷрои азнавсозии лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр тасдиқ гардид. Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгўй будани роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расиданд. Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳо фурўзонакҳои каммасраф, симу кабелҳо иваз ва насб шуданд.

Дар соли 2018 азнавсозии боғчаҳои бачагона, мактаб-гимназияи ба номи М.Беҳбудӣ, корҳои вобаста ба таъминоти об, барқ, қисман бунёди роҳ дар шаҳраки Сайҳун, барқарор намудани чойхона ва чашмаи “Оби шифо” дар назди маҷмааи “Ҳазрати Бобо” иҷро карда мешаванд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонию бунёдкориро пеш бурда, ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинони маркази вилоятамон корҳои мушаххасро ба анҷом мерасонад.

Мардуми шарифи вилоят ва аз ҷумла кулли ҳамватанонро бо Соли нав табрику таҳният мегўям. Саломатӣ, саодату ободии хонадон ва баракати умрро барояшон таманно дорам.

Маъруф Муҳаммадзода,
раиси шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh