Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи ангиштканон

Дар кишвар ҳамасола якшанбеи охирини моҳи август чун Рӯзи ангиштканон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Кулли кормандони соҳаро ба ин муносибат табрику муборакбод менамоям.

Дар арачаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардидани иди касбии ангиштканон аз онҳо масъулияти баландро тақозо менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки ангиштканони вилоят аз коргари оддӣ то роҳбарият бо дарки баланди масъулият баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои истеҳсолиро сол то сол афзун менамоянд.

Дар бахши энергетикаи кишвар аҳамияти ангишт хеле калон буда, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус, дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншоотҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ басо муҳим аст. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва талошу заҳматҳои пайвастаи ангиштканон ин мушкилот сари вақт паси сар карда мешавад.

Ҷолиби қайд аст, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар якҷояги Корхонаи фаръии «Фон-Яғноб», Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Ангишт», ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷикистон» ва ҶММ «Талко ресурс» истихроҷи ангиштро ба 680,7 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 105,2 ҳазор тонна зиёд намуданд, ки боиси зикр аст.

Итминони комил дорам, ки ангиштканони вилоят минбаъд низ аз ӯҳдаи вазифаҳои хизматиашон бо сарбаландӣ мебароянд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш саҳми шоиста мегузоранд.

Бо чунин таманноҳои нек ба кормандони соҳаи истихроҷи ангишти вилоят саломатӣ рӯзгори обод ва дастовардҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, ангиштканони азиз! 

Add comment


Security code
Refresh